Главная / Илм / ГИПОТЕНЗИЯ

ГИПОТЕНЗИЯ

gipotenziyaГИПОТЕНЗИЯ (Hypotensio; аз гипо… ва лот. tensio – шиддат), фишорпасти, аз меъёр паст фуромадани фишори хун, лимфа ва г. дар рагхо. Истилохи «гипотония»-ро барои ифодаи суст гаштани тарангии мушакхо кор фармудан бехтар аст. Барои ифодаи фишори пасти хун истилохи Г. дуруст мебошад. Г.-и шараён ё фишорпастии шараёни холатест, ки фишори хун аз хадди мукаррарии синнусоли хеле поён бошад. Чунин тарзи паст гаштани фишори хун, ки табобати таъчилиро талаб мекунад, хангоми талафи шадиди хун (хунравии фаровон ба дарун ё беруни узв), дар натичаи коллапс (бехолии дил), гохо дар мавриди хеле баланд шудани харорати бадан рух медихад. Фишорпасти (аз 100/60 мм сут. симоб паст будани фишори шараён)-и шараёнии музмин шояд нишонаи нокифоягии фавкулоддаи гормонхо бошад.
Фишори хуни баъзе касони амалан тансихат нисбатан паст, яъне дар хадди мизон буда, ба паст шудан моил аст ва ин холатро бештар фишорпастии шараёни меноманд. Хол он ки вучуд доштани чунин бемори то кунун бахсталаб аст. Тафовути ин кабил одамон факат аз он чихат аст, ки таасури дилу рагхои онхо бештар на бо баланд шудан, балки бо паст гаштани фишори хун зохир мегардад. Дар зиндаги ин гуна одамон хавои хунукро нисбат ба хавои гарму тафсон бартар медонанд; дар хаммом худро бад хис мекунанд; хангоми аз холати хоб якбора рост хестан, чашмашон сиёхи зада, бехуд мешаванд (хусусан дар аснои гурусна будан) ва баръакс, дар вакти рох гаштан ва харакат додани мушакхо, холи онхо бехтар мегардад. Бинобар ин шахсони моили фишорпастиро зарур аст, ки мушакхои хешро пайваста ба кор андозанд, то ки тонус (фаъолият)-и онхо ба тахмили ногахон омода бошанд. Шахси чисман пуркувват ва чобук, агар вазни бадани у муътадил бошад, ба фишорпасти гирифтор намешавад.
Одамони моил ба фишорпасти бо гузашти умр, хамчунин дар аснои камхаракатии мачбури (хусусан дар вакти бемори) ба нушидани чои гарму талх майл мекунанд. Гайр аз ин, баъзан худи духтур хам дар ин гуна мавридхо истеъмоли микдори муайяни дорухои табииро тавсия менамояд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zardushtizm

Зардуштия (Дини Зороастризм)

ЗАРДУШТИЯ – динест дар Осиёи Миёна пайдо шуда, такрибан дар хазораи 0д1086 охири то мелод …