Главная / Илм / ГИПОТАЛАМУС

ГИПОТАЛАМУС

gipotalamusГИПОТАЛАМУС (Hypothalamus), кисми магзи сар, ки дар зери дунгии (барчастагии) босира вокеъ аст;ба таркиби магзи мобайни дохил шуда, каър ва девораи меъдачаи сеюм (кисми диэнсефали)-ро ташкил медихад. Г. мачмуи марказхои олии мутобикат мебошад. Дар он зиёда аз 30 чуфт хучайрахои асаб – ядрохо мавчуд буда, ба воситаи роххои гуногуни асаб ба кисмхои мухталифи системаи асаби маркази алока дорад. Дар хучайрахои асаби ядрои Г. баъзе гормонхо (мас., вазопрессин), инчунин моддахои аз чихати биологи фаъол хосил мешаванд. Ин гормонхо ба воситаи рагхо ва хучайрахои асаб ба гипофиз дохил шуда, ба чудо гаштани гормони он ёри мерасонанд. Г. дар танзими фаъолияти гуногуни организм (хоб ва бедори, фишори артерияви, тонуси рагхо, фаъолияти дил, харорат, фаъолияти гадудхои эндокрини, мубодилаи моддахо, ассимилятсия ва диссимилятсия, мухити ионии организм ва г.) иштирок мекунад. Хангоми осеби Г. (варам, илтихоб) функсияхои мазкур халал меёбанд.
КЛ
Гипоталамус ва дигар кисмхои магзи сар; намуд аз поён ва пахлу.
1 – пиёзаки шомма; 2 – тасаллуби асаби босира; 3 – чисми сурохшудаи пеш; 4 – рохи асаби босира; 5 – асаби харакатовари чашм; 6 – поячаи магзи сар; 7 – асаби гаргарави; 8 – асаби сетора; 9 – пул (купрук)-и майна; 10 – асаби дуркаш; 11 – асаби чехра; 12 – асаби дахлезиву халзуни; 13 – асаби забону балъум; 14 – асаби гумрох; 15 – чисми зайтуни; 16 – ахром; 17 – асаби изофи; 18 – роги мобайнии пеш; 19 – асаби зери забон; 20 – чуяки асоси; 21 – чисми пистонакшакл; 22 – дунгичаи хокистарранг; 23 – киф; 24 – асаби босира; 25 – рохи шомма.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …