Главная / Илм / ГИПОСПАДИЯ

ГИПОСПАДИЯ

gipospadiyaГИПОСПАДИЯ (Hypospadia; аз гипо… ва юн. spao – ёзонидан, кандан), нукси инкишоф, ки дар мавриди он девораи поёнии найчаи пешоббарор кисман вучуд надорад. Г. факат дар чинси мард ба мушохида мерасад. Мувофики баъзе маълумот ба Г. аз 200 – 500 наф. навзодон як нафар гирифтор аст. Хангоми Г. сурохи беруни рохи пешоб дар зери узви таносул, дар назди хоя ва хатто дар кадкашак чойгир аст. Вобаста ба ин се дарачаи Г.-ро фарк мекунанд: дарачаи I – гипоспадияи сараки олоти таносул; дарачаи II – гипоспадияи олоти таносул; дарачаи III – гипоспадияи хоя ё хояю кадкашак.
Дар натичаи Г. аъзои таносул кач мешавад; дар баъзе холатхо (Г.-хои дарачаи II ва III) он то хадде кач мегардад, ки бемор наметавонад дуруст пешоб ронад (пешоб пош мехурад, ба хоя, ронхо ва либос мерасад), бинобар ин у факат нишаста пешоб мекунад. Дар чунин беморон алокаи чинси низ бо душвори сурат мегирад. Хангоми Г. сурохи беруни рохи пешоб танг мешавад. Дар мавриди Г.-и дарачаи III бисёр вакт мукаррар кардани чинси кудак душвори пеш меорад, зеро олоти таносул бинобар инкишоф наёфтан, ба назар мисли клитори захим (гипертрофи) ва хояи «дукафон» шабехи лабхои фарч менамояд. Дар ин гуна холатхо машварати духтурони мутахассис – урологхо ва эндокринологхо хатмист.
Зиёда аз 300 усули ислох намудани Г. мавчуд аст. Г.-и дарачаи I муоличаро такозо намекунад. Хангоми Г.-и дарачаи II ва III амалиёти чаррохи зарур аст. Чаррохии Г. зина ба зина сурат мегирад; максад аз он рост кардани олоти таносул ва баркарор сохтани пешоброха мебошад. Бино ба маълумоти солхои охир бисёр мутахассисон аз чаррохии якзинавии Г. чонибдори мекунанд. Он имкон медихад, ки нукси олоти таносул дар муддати кутох бартараф карда шавад. Яке аз чунин роххои муолича усули S. Salinas мебошад. Афзалиятхои усули мазкур дар мавриди табобати Г. аз чониби олимони чумхури (У. А. Курбонов, А. А. Давлатов, С. М. Чанобилова) исбот шудаанд.
Кудакон бояд аз синни 3 – 5-солаги чаррохи карда шаванд, чунки дар ин синну сол деформатсияи олоти таносул хануз устувор нест.
Ад.: Лопаткин Н.А., Шевцова И.П., Оперативная урология, М., 1986; Курбанов У.А., Давлатов А.А., Джанобилова С.М., Хирургическое лечение гипоспадии способом Salinas. Дар мач. «Паёми Сино», Д., 2009, № 4.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …