Главная / Илм / ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ

ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ

gipoproteinemiyaГИПОПРОТЕИНЕМИЯ (Hypoproteinaemia; аз гипо…, протеин ва haima – хун), кам шудани микдори сафедахо дар зардоби хун. Г. ду навъ – нисби ва мутлак мешавад. Г.-и нисби, одатан, ба зиёд шудани хачми об дар мачрои хун вобаста аст. Он дар мавридхои зерин дучор меояд: ошомидани оби бисёр («захролуди аз об»); анурия (катъ шудани ихрочи пешоб); олигурия (кам гаштани ихрочи пешоб); ба вена тазрик намудани микдори зиёди махлули глюкоза дар ашхоси гирифтори нукси гурда; дар хун бисёр будани гормони зидди диурез – гормони гипоталамус, ки садди рохи аз организм хорич гаштани об мешавад. Сабаби Г.-и мутлак, одатан, гипоалбуминемия аст. Хангоми ин микдори сафеда дар таркиби зардоби хун бо чунин сабабхо кам мешавад: ба микдори кофи ба организм ворид нашудани сафеда (гуруснаги, камиштихои, танг будани сурхруда, ихтилоли кори меъдаю рудахо, мас., энтерит, энтероколит ва г.); бинобар беморихои чигар хосил нашудани сафеда (гепатитхо, сиррози чигар, захролуди, атрофияи чигар); ихтилоли модарзодии хосил шудани баъзе сафедахо (албуминемия, бемории Вилсон-Коновалов); тачзияи барзиёди сафеда дар организм (омоси саратони, сухтаги, тиреотоксикоз, чаррохи, табларзаи бардавом, истифодаи зиёди кортикостероидхо). Микдори сафедаи зардоби хун дар мавридхои дигар низ метавонад кам шавад, мас., хангоми кори чисмонии вазнин, хамл ва синамакони (дар занхо) ва г.
Ад.: Березов Т.Т., Коровкин Б.Ф., Биологическая химия, М., 1990; Долгов В.В., Шевченко О.П., Лабораторная диагностика нарушения обмена белков, М., 1997.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …