Главная / Илм / ГИПОПАРАТИРЕОЗ

ГИПОПАРАТИРЕОЗ

gipoparatireozГИПОПАРАТИРЕОЗ (Hypoparathireosis), гипопаратироз, беморие, ки бинобар дар организм кам хосил шудани гормони паратирин (гормони гадуди наздсипаршакл) инкишоф меёбад. Г. дар мавриди нисбати гормони мазкур гум шудани хассосияти ретсепторхо низ ба вучуд меояд. Ба пайдоиши Г. илтихоб ва бинобар осеби гардан хуншор шудани гадуди наздсипаршакл, захролуди аз стрихнин, сурб, оксиди карбон, гиповитаминози D хангоми хомилаги ва ширмакони, ихтилоли чаббиши калтсий дар руда, таъсири радиатсия ва г. мусоидат мекунанд. Реша давондани омосхои саратонии гадуди наздсипаршакл низ боиси Г. мегарданд. Вале дар бештарин холатхо сабаби Г. амалиёти чаррохи дар гадуди сипаршакл ва диг. узвхои гардан, ки хангоми он тасодуфан ба гадуди наздсипаршакл осеб расонда мешавад, ба шумор меравад. Хусусан ин дар мавриде рух менамояд, ки агар бинобар маризии саратон гадуди сипаршакл пурра бурида дур карда шавад.
Хангоми Г. дар организм мубодилаи калтсий ва фосфор халал меёбад. Чаббиши калтсий дар руда ва ихрочи он аз бофтахои устухон суст шуда, микдори он дар таркиби хун мекохад. Хамзамон дар таркиб хун микдори фосфатхо меафзояд. Бемор аз карахт шудани дасту по, мурчадаваки пуст, тасфидани андомхои боло ва поён шикоят мекунад; ин хама аломатхо зери таъсири гарми, сарди, кори чисмони, беморихои сирояти авч мегиранд. Бо мурури вакт мушакхо гирифтори ихтилоч (судорога) мешаванд. Агар ихтилоч дар чехра пахн гардад, «мохидахони» ва «захрханда» ба вучуд меояд.
Г.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Дар табобати он пархез низ ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …