Главная / Илм / ГИПОГЛИКЕМИЯ

ГИПОГЛИКЕМИЯ

gipoglikemiyaГИПОГЛИКЕМИЯ (Hypoglycaemia; аз гипо…, юн. glykys – ширин ва haima – хун), кам шудани микдори глюкоза дар хун. Микдори муътадили глюкоза дар хуни одами калон 60 – 100 мг/100 мл (3,33 – 5,55 ммол/л) аст. Г. дар одамони солим хангоми кори вазнини чисмони ва бардавом рух менамояд. Хамчун аломати маризи Г. дар сурати истифодаи аз меъёр зиёди инсулин (мас., бо максади муоличаи диабети канд), хамчунин хангоми инсуломаи гадуди зери меъда ба мушохида мерасад. Баъзан Г. дар аснои гипотиреоз, бемории Аддисон ва амрози мубодилаи моддахо низ дучор меояд. Сустию бехолати, эхсоси гуруснаги, ларзидани дасту по, паридани ранги ру, пахш кардани араки сард ва г. аломатхои Г. мебошанд. Г.-и ногахон дар мавриди нарасондани ёрии тибби метавонад бо игмо (кома) анчом пазирад. Бинобар ин ба мариз 100 г канд додан лозим аст; хангоми игмо ба варид (вена) глюкоза мефиристанд. Ниг. низ Диабети канд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …