Главная / Илм / ГИПОФИЗ

ГИПОФИЗ

gipofizГИПОФИЗ (Glandula pituitaria), гадуди тарашшухи дохилии одам ва хайвоноти мухрадор. Гормонхои Г. ба сабзишу инкишоф, муболидаи моддахо ва фаъолияти насловари таъсир мерасонанд. Бисёр гормонхои Г. (гормонхои хостгор) фаъолияти дигар гадудхои канории тарашшухи дохилиро танзим мекунанд. Хамин тавр, Г. ба равандхои мухталифи фаъолияти хаётии организм таъсир мерасонад.
Г. ташкилаи начандон калон буда, дар асоси магзи сар чой гирифтааст; массаи он 0,5 – 0,6 г (дар занхо каме калонтар) мебошад. Г. аз ду хисса таркиб ёфтааст: хиссаи пеш ё аденогипофиз (lobus anterior, pars distalis, adenohupophysis) ва хиссаи кафо ё нейрогипофиз (lobus posterior, neurohypophysis). Аденогипофиз, ки аз се ду хиссаи массаи Г.-ро ташкил медихад, ба пеш, дахана ва васати чудо карда мешавад; нейрогипофиз аз кисм (хисса)-хои охир (интихо) ва поячаи Г. иборат аст. Г. дар чукурчаи зини туркии устухони фонашакли асоси косахонаи сар чой гирифтааст. Зини турки аз боло бо диафрагма (кисми дурушти майнапарда) фаро гирифта шудааст; аз сурохи диафрагма поячаи Г. мегузарад, ки он Г.-ро бо магзи сар пайваст менамояд.
Дар хучайрахои аденогипофиз гормонхои сафедавию пептиди (гормонхои хостгор) хосил мешаванд. Онхо фаъолияти дигар гадудхои тарашшухи дохили, мас., гормони аденокортикотропи, гормони тиреотропи ва гормонхои гонадотропиро танзим менамоянд; гормонхои мазкур хамчунин дар танзими фаъолияти гормонхое, ки бевосита ба тамоми организм таъсир мерасонанд, мас., гормони сабзиш (гормони соматотропи), пролактин (дар занхо шир хосил мекунад) ва г. ширкат меварзанд. Дар аденогипофиз липотропинхо низ хосил мешаванд. Ин гуна гормонхо ба чарбу таъсири ангезишпазир расонда, барои дар чараёни мубодилаи энергия иштирок кардани он мусоидат менамоянд.
Хосил ва ихроч шудани гормонхои Г.-ро гипоталамус назорат мекунад. Барзиёд хосил шудани гормонхои Г. боиси пайдоиши беморихои гуногун, мас., акромегалия, аменорея, бемории Итсенко-Кушинг ва г. мешавад.
Дар нейрогипофиз асосан вазопрессин ва окситотсин (гормоне, ки чудо шудани шир ва кашиш хурдани бачадонро хангоми таваллуд танзим менамояд) мавчуд мебошанд. Норасоии гормони зидди диурез бинобар иллати гипоталамус ё Г. боиси рух намудани диабети беканд мешавад.
КЛ
Гипофиз: 1 – меъдачаи III; 2 – «поя»-чаи гипофиз; 3 – хиссаи пеши гипофиз (аденогипофиз); 4 – хиссаи васати (мобайни)-и гипофиз; 5 – хиссаи кафо (асаби)-и гипофиз.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …