Главная / Илм / ГИПЕРТОНИЯ

ГИПЕРТОНИЯ

gipertoniyaГИПЕРТОНИЯ (Hypertonia; аз гипер… ва tonos – таранчиш), тарангии барзиёди мушакхо. Истилохи Г.-ро барои ифодаи кашиш (таранчиш)-и мушакхои суфтаи узвхои холи (меъда, пешобдон ва г.), рагхо ва мушакхои скелет кор мефармоянд. Яке аз сабабхои баланд шудани фишори артерия (ФА) дар мавриди гипертензияи шараёни, аз чумла бемории гипертония Г.-и девораи артериолахо аст. Вале баланд гаштани фишор (гипертензия)-ро «гипертония» номидан дуруст нест. Мас., Г.-и рудаи дувоздахангушта хангоми дуоденит бинобар ихтилоли фаъолияти тахрикии он сар зада, дар натича мухтавои руда хатто ба меъда бармегардад (регургитатсия); Г.-и мушакхои скелет метавонад аломати осеби силсилаи асаб ё худи мушакхо, ихтилоли мубодилаи электролитхо бошад. Ихтилоли амики фаъолияти мушакхои скелет бинобар Г. фалачи ташаннучи ном дорад. Хуручвор баланд шудани тонуси мушакхои суфтаро, ки мучиби баста ё танг шудани сурохи раг мегардад, кабз (спазм) меноманд. Ниг. низ Тонус.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …