Главная / Илм / ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ

ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ

giperparateriozГИПЕРПАРАТИРЕОЗ (Hyperparathyreosis; аз гипер… ва лот. parathyreoidea – гадуди наздсипаршакл), беморие, ки дар натичаи ихрочи барзиёди гормони гадуди наздсипаршакл (паратгормон) пайдо мешавад. Г., одатан, хангоми аденома (омос)-и гадудхои мазкур ба вучуд меояд. Бисёр будани паратгормон калтсийи таркиби устухонро фаъол сохта, савияи онро дар хун зиёд ва микдори фосфорро кам мекунад; ихрочи калтсий ва фосфорро бо пешоб меафзояд. Дар натича устухонхо нарм ва зудшикан мешаванд. Г.-и аъзои дохили боиси дар узвхои дарун гун шудани калтсий мегардад; хусусан Г.-и гурда (хосил шудани санг дар гурда ва пешоброха) маъмул аст. Сабаби Г. маълум нест. Бештар занхо гирифтор мешаванд.
Бо максади табобати Г. омосро бурида дур мекунанд; хангоми осеби устухонхо аз муоличаи ортопеди истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …