Главная / Илм / ГИПЕРКИНЕЗХО

ГИПЕРКИНЕЗХО

giperkinezГИПЕРКИНЕЗХО (аз гипер… ва юн. kinesis – харакат), харакатхои мачбурии аз чихати физиологи бемаъно ва берабт. Пайдоишу инкишоф ва аломатхои Г. гуногун мебошанд, бинобар ин ба як гурухи ихтилоли харакат муттахид сохтани онхо шарти аст.
Г. дар аснои беморихои илтихобии магзи сар (мас., лейкоэнсефалит, энсефалит) ва рагхои он (мас., сактаи майна), паркинсонизм, осеби чумчумаю майна, фалачи кудакон, омоси магзи сар, захролуди, беморихои ирсии асаб ва г. инкишоф меёбанд. Г. бисёр вакт бо тагйироти тонуси мушакхо хамрох ба вучуд омада, аз асабони шудани одам пуркувват мегарданд; дар холати ороми ва хоб нишонахои Г. рафъ мешаванд. Г.-ро бо неруи ирода фуру нишондан мумкин нест.
Зухуроти клиникии Г. гуногун мебошад. Шакли нисбатан содаи Г. ташаннуч (судорога) аст. Хангоми он баъзе мушакхои чудогона ё гурухи мушакхо кашиш хурда, боиси сар задани харакатхои гайриихтиёри мешаванд. Г.-и миоклонияви бо аломатхои ногахон паридани мушакхо падид меоянд. Яке аз шаклхои он паридани мушаки коми нарм аст. Кашиши мушакхои босира бошад, боиси мачбуран боло рафтани чашм мешавад. Бинобар ихтилочи мушакхои диафрагма хикак ба вучуд меояд.
Шакли мураккаби Г. атетоз аст. Хангоми он дар дастхо харакатхои «кирммонанд» ба мушохида мерасанд. Дар мавриди Г.-и хореяви бошад, баръакс, кисмхои гуногуни бадан тез ва бетартиб мепаранд (баъзе харакатхо имову ишораро мемонанд). Яке аз шаклхои Г. ихтилочи тобдиханда аст, ки дар мушакхои дасту по ва бадан ба вучуд меояд. Харакатхои ичбори дар вакти дароз кашидани мариз нест шуда, хангоми нишастан ва рост истодан, пайдо мешаванд. Хангоми рох рафтан, бемор харакатхои «тобхуранда» мекунад. Ба Г. ларзидани узвхоро низ мансуб медонанд.
Муоличаи Г. душвор ва дуру дароз аст. Дар сурати нафъ наовардани дорушифои ба чаррохии асаб ру меоранд.

Р.А. Рахмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …