Главная / Илм / ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ

ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ

giperkhlorigidriyaГИПЕРХЛОРГИДРИЯ (Hyperchlorhydria), дар таркиби шираи меъда зиёд шудани микдори кислотаи хлориди озод; ба маънои васеъ дар шираи меъда бартари доштани унсурхои турш нисбат ба ишкорхо. Г.-и муваккати дар аснои истеъмоли махсулоте, ки шираи меъдаро бисёр хорич мекунанд, хамчунин дар холатхои асабоният ба вучуд меояд. Г. хангоми беморихои меъда (гастрити шадид ва музмин, захми меъда), гадудхои усораи дохили (эндокрини), захролудии музмин аз никотин ва г. пайдо мешавад. Он бисёр вакт бо гиперсекретсияи меъда чур мегардад. Г. бо аломатхои зардачуш, оруг, фишор ва гаронии сари дил, сузиши сурхруда, баъзан кай падид меояд. Хангоми Г. микдори кислотаи хлориди озод зиёда аз 100 ммол/л аст.
Бо максади муоличаи Г. бемориеро, ки сабаби пайдоиши он шудааст, табобат кардан лозим.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …