Главная / Илм / ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

giperaldosteronizmГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ, синдроме, ки дар натичаи дар организм бисёр будани микдори гормони кишри гадуди болои гурдахо – алдостерон рух менамояд. Алдостерон дар кори танзими мубодилаи моддахо дар организм ширкат меварзад. Он барои дар организм боздошта шудани ионхои натрий мусоидат карда, ионхои калий ва гидрогенро ба воситаи пешоб хорич менамояд. Тарашшухи алдостеронро системаи ренин-ангиотензин танзим месозад. Микдори муътадили алдостерон дар хун 2 – 17 нг/100 мл аст; ба воситаи пешоб дар як шаборуз 15 – 80 мкг алдостерони пайваст, 0,05 – 0,3 мкг алдостерони озод ва 3 – 16 мкг алдостерони ба кислота ноустувор хорич карда мешавад.
Г. метавонад якумин ва дуюмин бошад. Г.-и якумин (синдроми Конн) дар мавриди тарашшухи зиёди алдостерон, ки сабаби он пайдоиши аденома (алдостеронома ё алдостерома) ва саратони кишри гадуди болои гурдахо аст, ба вучуд меояд. Г.-и дуюмин дар натичаи афзудани фаъолияти ренин хангоми беморихое, ки хунгардишро дар гурдахо душвор месозанд, омосхои гурда, кам истеъмол кардани намак, беназорат истифода бурдани дорухои пешоброн ва мусхил (исхоловар) пайдо мешавад.
Г.-и якуминро бо усули чаррохи табобат мекунанд. Хангоми Г.-и дуюмин аз усулхои табобати алоими истифода карда мешавад.
Бо максади пешгирии Г. одамони фишори хунашон баланд, гирифтори амрози чигар ва гурдахо бояд мунтазам аз назорати духтур гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …