Главная / Илм / ГИНГИВИТ

ГИНГИВИТ

gingivitГИНГИВИТ (Gingivitis; аз лот. gingiva – милки дандон), илтихоби луобпардаи милки дандонхо. Г. дар аснои сирояти бактерияю вирусхо, риоя накардани коидахои бехдошт, милкро захмдор кардани кираи тези дандони шикаста, санги дандон, пломба ва коронка, хангоми таъсири кислотаю ишкорхо ва гарми ба милки дандон сар мезанад. Г. метавонад аломати витаминкохиш, аксуламалхои аллерги, ихтилоли фаъолияти гадудхои усораи дохили, беморихои рохи меъдаю руда, гурда, хун, захролуди аз намакхои металлхои вазнин (сурб, рух), парадонтит ва г. бошад.
Г. назлави, захми, гипертрофияви ва атрофияви мешавад. Хангоми Г.-и назлави луобпардаи милки дандон сурх шуда, хориш ва варам мекунад; аз бехи дандонхо хун меравад. Дар аснои Г.-и захми бофтахои канори милки дандонхо дар баробари сурх гаштан, мавт (некроз) низ мешаванд. Бемор аз бехоли, буи нофорами дахон, дардмандии милки дандонхо шикоят мекунад. Харорати бадан метавонад то 39° баланд шавад. Кам шудани гушти бех ва урён гаштани решаи дандонхо аломати Г.-и атрофияви аст. Беморон аз таъсири нофорами гарми ё сарди ба дандонхо шикоят мекунанд.
Г. дар асоси аломатхои болини ташхис карда мешавад. Бо максади муоличаи Г. сабаби онро бартараф сохтан лозим аст. Истифодаи дорухои антисептики, витаминхо, дур кардани санги дандон, табобати дандонхои пусида ва г. нафъ дорад.
С.С. Субхонов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …