Главная / Илм / ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

gimenolepidozГИМЕНОЛЕПИДОЗ (Hymenolepidosis), бемории одам, ки тасмакирмхои реза ба вучуд меоранд. Дарозии кирмхо 0,5 – 5 см аст; дар сар узви маканда ва чангак доранд. Танаи баъзе кирмхо аз 160 – 1000 банд иборат мебошад. Онхо дар рудаи борик чой мегиранд. Тухми кирмхо аз руда бо пасафканд хорич мешаванд; агар харорат ва рутубат муътадил бошад, тухмхо кобилияти сироятангезии худро чанд руз махфуз медоранд.
Манбаи сироят одами касал аст. Асосан кудакон хангоми фуру бурдани тухми кирмхо (тавассути дасти ифлос, бозичахо ва г.) бемор мешаванд. Дарди шикам, беиштихои, исхол, дарди сар, тундмизочи, бехоби, анемия, аз сабзиш мондани кудакон ва заъфи кобилияти кории калонсолон аломатхои Г. мебошанд. Бемори, одатан, 1 – 3 мох идома меёбад; дар кудакони хурдсол он мумкин аст бештар тул кашад.
Муоличаи Г. дуру дароз буда, дар шароити амбулатори ба амал бароварда мешавад. Такр. 70 дарсади маризон шифо меёбанд; дар холатхои дигар вазъи саломати бехтар мешаваду бас. Бинобар ин баъди табобат мариз камаш 6 мох зери назорати духтурон карор мегирад. Дар ин муддат начосатро 4 – 6 маротиба месанчанд. Дар сурати мушохида шудани тухми кирм, назоратро то як сол идома медиханд. Санчишхои назоратии начосат (8 – 10 маротиба) бехтараш баъди даври такрории муолича гузаронда шаванд.
Бо максади пешгирии бемори дастро баъди казои хочат ва пеш аз хурок бо собун шустан лозим аст. Истифодаи ваннахои гигиени, тоза нигох доштани курпаву болин, сари либос ва тубаки кудакон, бо оби чуш шустани нишастгохи хочатхона, рубучин, шамол додани хона ахамияти калон дорад. Речаи дурусти тагзия ва хуроки сергизо мукобилати организми кудакро нисбат ба Г. зиёд мекунад. Ба коидахои пешгирии Г. хусусан дар муассисахои кудакон, богчахои бачагон ва оилахои серфарзанд эътибори чидди додан лозим аст. Кудаки бемор баъди казои хочат дасташро бояд нагз шуяд, аз тубаку сачоки алохида истифода барад.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Хамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

К. А. Хурсандов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …