ГИЛ

gilГИЛ, чинси кухии тахшиние, ки асосан аз минералхои гили, яъне каолинит, монтмориллонит, гидроабрак таркиб ёфтааст. Дар таркиби Г. заррачахои чинсхои гуногуни кухи низ дучор мешаванд. Таркиби химиявии Г. асосан аз SiO2 (30 – 70%), Al2O3 (10 – 40%), H2O (5 – 10%) ва TiO2, Na2O, K2O, MgO, Fe2O3, FeO, CaO иборат аст. Аксар навъхои Г. бо об зуд омехтаву гилоба мешаванд. Хамираи Г.-ро ба хар шакл даровардан мумкин аст. Г.-и пухта мисли санг сахт мешавад. Г.-хо намкаш, чазби (адсорбсияви), оташбардор ё дергудоз хам хастанд. Г.-хои оташбардор ва дергудозро гилбута ё Г.-и бута мегуянд.
Г.-хо метавонанд дорои маводи хархела бошанд, ки ин аз номи онхо низ айён аст. Мас., Г.-и шур (намаксанг ё галлит дорад), гилгач (дорои гач аст), гилохак, рухомгил ва г. Хамчунин Г.-хоро вобаста ба рангашон ном мебаранд: Г.-и сафед (каолин), сафедхока (Г.-хои каолинити), Г.-и сурх ё магра (охра), Г.-и зард (Г.-и санам), Г.-и хокистари, Г.-и сабз, Г.-и гулоби, Г.-и сиёх, Г.-и кабуд, Г.-и дорчини ва г. Бисёр Г.-хо тибки махалли пайдоиши худ ном гирифтаанд: Г.-и армани, Г.-и самоси, Г.-и кубруси, Г.-и нишопури, Г.-и хуросони, Г.-и Бухайра, Г.-и мастико, Г.-и иктирис ва г. Хамчунин баъзе номхо ин ё он хусусияти Г.-хоро ифода мекунанд, мас., сиришгил, симгил, Г.-и хушбуй, Г.-и кирми, Г.-и саршу, Г.-и чазби, Г.-и хурр, гилмоя, гилбута, гилсанг ва г. Г.-хои хурданиро мардуми мо гилмоя мегуянд.
Г. аз кадим дар тибби мардуми ва русумии кишвархои Шарк, аз чумла дар байни табибони мардуми точик хеле маъмул буд. Солхои охир пажухишхои анвои Г.-и сарзамини точикон равнаки тоза ёфтанд. Алхол анвои мухталифи Г., ки аз минтакахои гуногуни чумхури чамъовари шудаанд, мавриди тахкики махсуси олимон (тахти сарварии проф. Халифаев Д. Р.) карор гирифтааст. Бахри амали гаштани он химикхо, олимони тиб, гиёхшиносон, табибони халки, донишмандони сохахои заминшиноси, маъданшиноси ва г. чалб шудаанд. Ниг. низ Гилдавои.
Ад.: Халифаев Д.Р., Хочиматов М., Масоили гил ва имконоти истифодаи он дар амалияи тиб. Дар кит.: Падидахои санъати дорусози ва тибби мардуми, ч. 1, Д., 2001; Хамон муаллифон, Гил ва гилдавои, Д., 2002; Глины, их минералогия, свойства и практическое значение, М., 1970; Халифаев Д.Р., Микроэлементный анализ бентонитовых глин Таджикистана. Дар кит.: Проблемы фармации Таджикистана, Д., 1991.

Д. Халифаев

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …