Главная / Илм / ГИЖМАЛОС

ГИЖМАЛОС

gijmalosГИЖМАЛОС, (Heliotropium ellipticum), алафи хазар як навъ гиёхи худруи яксола. Пояаш рост (10 – 60 см кад мекашад), сершоха. Баргаш байзашакл ё гирда. Гулаш майда, сафед (моххои май – июл мешукуфад). «Чормагзак»-аш байзашакл (дарозиаш 1,7 – 2 мм).
Г. дар аксар нохияхои Точикистон (гайр аз Помир) нуму меёбад. Бештар дар минтакаи алафзор, чангалзори гармсер (шибляк) ва г., инчунин чун алафи бегона дар полиз, кишти галладона (гандум, чав ва г.) пахта, юнучка ва канори рох (400 – 1700 м аз с. б.) меруяд.
Г.-ро табибони халки гиёхи доруи мешуморанд. Барги Г.-ро куфта ба озах мебанданд, бо он омосхои гайрисаратониро табобат менамоянд, бо обзани Г. беморихои гуногуни пуст, мас., шукуфа табобат карда мешаванд. Дар тибби хиндувон онро чун позахри неши каждум ва захри мор истифода мебаранд. Г. барои одам ва хайвонот хеле захрнок аст. Махсусан гусфанд, хук, гов ва мургу мургоби аз Г. бештар зарар мебинанд. Орде, ки ба он дони Г. афтодааст, барои одам хавфнок мебошад. Моддахои захрии он (алкалоидхои гелиотропин ва лазиокарпин) пеш аз хама чигарро аз кор мебароранд. Баргу пояи Г., ки дар атрофи ш. Душанбе месабзад, 0,24 – 0,63% алкалоидхо (90 – 93% гелиотрин ва 5,5 – 8,5% лазиокарпин), то 0,86% кумаринхо, 0,66% гликозидхо ва 1,24% сапонинхо дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …