Главная / Илм / ГИГИЕНА

ГИГИЕНА

ГИГИЕНА (Hygiena; юн. hygieinos – солим), бехдошт, як сохаи илми тиб, ки таъсири мухити зист ва фаъолияти мехнатиро ба саломатии инсон омухта, талаботи шароити бехтарини мехнату зиндагии ахолиро пешниход менамояд.
Г. илми мураккаб ва серсоха аст. Тараккиёти Г. мисли илмхои дигар таърихи дуру дароз дорад. Дар бораи Г. дар мачмуаи конунхои Хиндустон, Миср ва Хоразм маълумот дода шудааст. Тавсифу таргиби бехдошт дар тибби кадими халки, хусусан дар тибби мардуми Шарк, макоми хоса дошт. Али ибни Раббон, Абубакр Мухаммад Закариёи Рози, Али ибни Аббос, Мачусии Ахвози, Абуалии Сино, Юсуф ибни Мухаммад, Мухаммад Хусайн, Султон Алии Хуросони ва диг. дар рисолахои тиббии худ дар бораи коидахои умумии хифзи тандурусти, пешгирии бемори, таъсири хурок ба организм, вобастагии саломати ба мичозу гизо, таъсири табиат, иклим, манзилгох ва г. маълумот додаанд.
Г. сохахои гуногун дорад, мас., Г.-и умуми, Г.-и коммунали, Г.-и тагзия, Г.-и мехнат, Г.-и кудакону наврасон, Г.-и харби, Г.-и радиатсиони, Г.-и кайхони ва г.
Гигиенаи коммунали таъсири омилхои мухитро ба саломати ва шароити санитарии зисти ахоли меомузад. Меъёри бехдошт ва тадбирхои санитарие, ки аз омузиши омилхои мухит бармеоянд, барои таъмини шароити хуби зиндагии ахоли заруранд. Г.-и коммунали омилхои номусоиди химияви, физикию биологии мухити зистро омухта, коидахои санитари, тартибот ва меъёрхои бехдошти хавои атмосфера, об, хифзи санитарии обанборхо, хок, чойхои ахолинишин, хонахои истикомати ва чамъиятиро муайян менамояд. Риояи коидахои санитари, тавсияи бехдошти ва меъёрхои онро Умури санитарию эпидемиологи тавассути Стансияхои санитарию эпидемиологи назорат мекунад. Факат баъди ичозати органхои назорати санитари ба сохтмон, таъмир ва истифодаи иншооти коммунали сар кардан мумкин аст. Мухандисон, бинокорон, меъморон низ ба халли масъалаи Г.-и коммунали чалб карда мешаванд.
Гигиенаи тагзия масъалаи тагзияи мураттаб ва хушсифати одами солимро меомузад (ниг. Тагзия). Масоили гизои беморон ва тагзияи муоличавиро диетология тадкик менамояд (ниг. Пархез). Максади Г.-и тагзия асоснок кардани речаи мувофики хурду хуроки ахоли ва пешгирии беморихоест, ки онхо хангоми дар хурок нарасидани моддахои гизои ё дар натичаи тавассути хурок ба организм рох ёфтани мавчудоти бемориовар, токсинхо ва г. пайдо мешаванд.
Зимни тадкики тагзияи одами солим синну сол, касб, тахмили чисмони ва асабию рухи дар айёми мехнат, шароити зиндаги, инчунин хусусиятхои милли ва иклимию чугрофиро ба хисоб мегиранд. Г.-и тагзия меъёри хурду хурок, тадбирхои пешгирии авитаминоз ва гиповитаминоз (ниг. Витаминкохиш)-ро дарёфт менамояд. Мукаррар сохтани сарфи энергияи организм ва эхтиёчоти он ба сафеда, равган, ангиштоб, витамин ва намакхои минерали вазифахои мухими Г.-и тагзия махсуб мешаванд. Афзудани шумораи кухансолон дар назди Г.-и тагзия масъалаи аз чихати илми асоснок кардани речаи тагзияи онхоро ба миён гузошт. Г.-и тагзия сифати кори муассисахои хуроки чамъияти, саноати хуроквори ва муассисахои савдоро назорат карда, аз моддахои зарарнок олуда шудани хуроквориро пешгири мекунад, барои рох надодан ба захролуди ва интоксикатсия тадбирхо меандешад. Г.-и тагзия ахамияти биологи, таркиби химияви ва калорияи хуроквори, инчунин махсулоти хурокии навро тахкик мекунад. Зери назорати санитари гирифтани лоихакаши, сохтмон ва ба кор андохтани муассисахои саноати хуроквори, савдо ва хуроки чамъияти вазифаи шуъбахои Г.-и тагзияи бунгоххои санитарию эпидемиологи мебошад.
Гигиенаи мехнат (гигиенаи касби) таъсири чараёни мехнат ва мухити истехсолотро ба организми коргарон меомузад. Максади он муайян кардани меъёрхои санитари, бехдошти, муоличави, андешидани тадбирхо бахри фарохам сохтани шароити хуби мехнат ва истирохати одам аст.
Дар шароити истехсолоти саноати ба одам аксаран харорати баланд ё пасти хаво, гарми, чангу губор, моддахои зарарноки химияви, галогула, вибратсия, мавчхои электромагнити ва диг., омилхое, ки боиси ихтилоли саломати ва паст шудани кобилияти мехнати мегарданд, таъсир мерасонанд. Барои пешгири ва бартараф намудани таъсироти ногувор чараёни истехсолот, тачхизот ва масолехи коркарди саноати хаматарафа омухта мешаванд. Гайр аз ин, шароити санитарии мехнат (омилхои метеорологи, чангу губори хаво, галогула, вибратсия, ултрасадо ва г.), чараёни кор, тагйири функсияхои физиологи (дар вакти кор) тадкик мегарданд. Вазъи саломатии коркунон (беморихои умуми ва касби), инчунин самари бехдоштии дастгоху механизмхо (хавокаш рушноидех), тачхизоти маишию санитари ва васоити мухофизати шахси низ муфассал тафтиш карда мешаванд.
Ба рох мондани конвейер, механикони ва автоматонии истехсолот коргаронро аз мехнати вазнин озод кунад хам, фаъолияти мураттаби асабия ва босираро талаб менамояд. Хангоми ичрои корхои мураккаб речаи мехнат ва истирохат бояд махсули мехнатро баланд бардорад, ба фаъолияти физиологии организм таъсири номатлуб нарасонад.
Барои халли масоили Г.-и мехнат мутахассисони сохахои гуногун, конструкторони мошину дастгоххо, технологу бинокорон чалб карда мешаванд.
Гигиенаи кудакон ва наврасон ба омузиши масоили мухофизат ва мустахкам кардани саломатии кудакону наврасон машгул буда, барои ташкили раванди таълиму тарбия ва мехнат дар мактабхо, омузишгоххои касбхои техники ва муассисахои бачагона тавсияхои бехдошти пешниход мекунад.
Тадкикоти олимон дар сохаи Г.-и кудакон ва наврасон бехдошти таълим, тарбия ва мехнат, таъсири омилхои мухитро ба организми кудакон фаро мегиранд.
Духтурони шуъбахои дармонгоххо ва мактаб холати чисмони ва инкишофи мактаббачагон, дуруст ташкил намудани тарбияи чисмони, сарбории тахсил, речаи санитарии мактаб ва муассисахои бачагонро назорат мекунанд (ниг. Синни томактаби, Синни навраси, Синни мактаби).
Дар Точикистон аввалин пажухишхои гигиени с. 1932 ба рох монда шуданд. Дар шуъбаи Г.-и Ин-ти эпидемиология ва гигиена (холо Ин-ти пешгирии беморихо) дар робита бо барномаи тадкики вазъи бехдошт ва санитария оид ба масоили таъмини об, тавсифи санитарии нохияхо, мухофизати хавои атмосфера, таъсири моддахои химиявии сохаи кишоварзи ба саломатии одамон, Г.-и гизо ва г. тадкикоти чолиб анчом пазируфтанд. Устодони ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино низ дар халли бисёр масоили Г. сахми назаррас доранд. Дар донишгох с. 1941 кафедраи гигиена ва экология ташкил карда шуд. Солхои аввал кормандони кафедра оид ба таъмини махалхои ахолинишини чумхури бо оби ошомидани тадкикот гузаронданд. Минбаъд онхо ба омузиши Г.-и мехнат, беморихои касби, истифодаи захрхои хашароткуш дар шароити кухистон, шароити мехнати коргарони Неругохи обии барки Норак, Корхонаи электрохимиявии Ёвон, корхонахои нассочии ш-хои Душанбе ва Хучанд, Заводи алюминийи Точикистон ва г. машгул шуда, тавсияхои чолиб пешниход намуданд.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …