Главная / Илм / ГИГИЕНАИ ШАХСи

ГИГИЕНАИ ШАХСи

gigienai-shakhsiГИГИЕНАИ ШАХСи (Hygiena individualis), мачмуи коидахои бехдошт, ки ичрои онхо бахри тандурустии одам мусоидат мекунад. Г. ш. чунин коидахои умуми (барои хама синну сол як хел аст)-ро дарбар мегирад: ивази мехнати фикри ва кори чисмони, варзиши чисмони, истеъмоли мураттаби хуроки хушсифат, мехнату истирохат, хоби бофарогат ва г. Ба Г. ш. покизагии бадан, курпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозаги хангоми пухтупаз низ тааллук дорад. Тозагии бадан яке аз шартхои асосист. Дар муддати як хафта гадудхои чарб ба сатхи пуст аз 100 то 200 г равган, гадуди арак аз 3,5 то 7 л арак мебароранд. Бинобар ин пустро мунтазам шустан лозим, вагарна хусусиятхои мухофизии организм халал ёфта, барои афзоиши микробхо ва занбуругахои паразит шароити мусоид фарохам меояд.
Хусусан чойхои барахнаи бадан бештар ифлос мешаванд. Исбот шудааст, ки хангоми сироят ёфтани дасти тоза шумораи бактерияхо баъди 10 дак. 85% кам мешавад, аммо дар дасти ношуста адади онхо факат 5% (баъди 20 дак.) кам мегардаду бас. Бактерияхо (такр. 95%-и микроорганизмхои пусти даст) дар зери нохун чойгиранд. Аз ин ру нохунхоро мунтазам гирифта, дастро бодиккат шустан лозим. Тозагии дасти кормандони ошпазхонахо шарти хатмист. Дар шароити хона хурокро бояд бо дасти тоза тайёр кард (мас., исхоли хунин, яъне дизентерияро «бемории дасти ифлос» меноманд). Ба кудакон низ аз хурдсоли коидахои Г. ш.-ро омухтан лозим. Пусти баданро асосан бо обу собун тоза мекунанд. Барои шустушуй собуни мушкинро истифода мебаранд. Хар шахс бояд хусусиятхои пусташро донад (пуст шахшул, чарбдор, муътадил мешавад) ва хангоми нигохубин инро ба назар гирад. Хар руз (хусусан баъди коре, ки пустро ифлос мекунад, дар аснои серараки) душ кабул кардан мувофики максад аст; харор. об бояд то 37 – 380С бошад. Агар хона душ надошта бошад, пас чойхои кушодаи бадан, зери каш ва сандуки синаро бо оби гарму собун шуста, тагпуши тоза пушидан лозим аст. Хар хафта дар ванна ё хаммом бо собуну дастмол шустушуй ва либоси тагро хатман иваз бояд намуд. Хангоми шустушуй (хусусан бо дастмол) пуст масх шуда, гардиши хун бехтар мегардад, шахс худро нагз хис мекунад. Баъди шустушуй ба чинхои пуст молидани ягон хел лосйон муфид аст. Хар шаб (хусусан тобистон) пойро бо собун шустан лозим. Хангоми пухтани пусти байни ангуштон ба духтур мурочиат бояд кард. Иллати пусти пой ба пайдоиши беморихои занбуругии пуст мусоидат менамояд.
Муйро бо оби нарм шустан бехтар; агар об дурушт бошад, ба он танакор ё содаи хурдани (ба 5 – 6 л об 1 – 2 кошукча) хамрох мекунанд. Барои муи чарбнок ё шахшул нигохубини махсус тавсия мешавад (ниг. Муй). Нигохубини дахон нафакат дандонхоро эмин медорад, балки беморихои узвхои даруниро низ пешгири мекунад. Дандонро хар пагох бо шётка ва хамирахои махсус тоза карда, дахонро баъди истеъмоли хурок чайконед; хангоми бадбуии дахон ба духтур мурочиат бояд кард. Барои ошкор намудани кариеси дандон, дур кардани санги дандон ва диг. иллатхои дахон соле ду маротиба ба духтури стоматолог мурочиат кардан лозим.
Г. ш. нигохубини узвхои таносулро низ дарбар мегирад. Чунин тадбири махсуси бехдоштиро аз рузхои аввали таваллуди кудак сар мекунанд.
Тоза будани либоси таг, либоси кори, хар руз иваз кардани чуроб (хусусан дар аснои серараки) аз чумлаи талаботи мухими Г. ш. мебошад. Нафакат бадан ва сарулибос, балки хонаи зист, ошхона ва коргох низ бояд тоза бошад.
Хар як аъзои оила бояд бистару сачоки алохида дошта бошад. Баъди хаммом чойпуш ва чилди болишт, пеш аз хоб либоси тагро ба либоси шабпушак иваз кардан лозим аст.
Хамаи ин тадбирхои бехдошт, алалхусус дар аснои бемории ягон аъзои оила, ахамияти калон доранд. Зеро риоя накардани онхо ба саломати ва кобилияти кории атрофиён, хусусан кудакон (ниг. Нигохубини бемор) таъсири ногувор мерасонад.
Коидахои Г. ш. барои хама умуми буда, синну сол ва хусусиятхои анатомию физиологии организмро ба назар мегиранд.
Барои дуруст сабзидани организми кудак таъсири чунин омилхои мукавви, монанди хаво, офтоб (ниг. Ваннахои хавои ва офтоби), проседурахои оби, машкхои чисмони бозихои серхаракат ва гизои хушсифат ахамияти калон доранд. Кудаконро аз хад зиёд хурондан лозим нест. Чунки ин боиси фарбехи ва ихтилоли кори гадудхо, аз чумла фаъолияти тухмдон ва давраи хайзи духтарони кадрас хохад шуд. Коидахои асосии нигохубини писарбачаю духтарчахои ширмак ва синни кудакистон умумист.
Узвхои таносули духтарча бояд доимо тоза бошанд. Чунки онхо бисёр нозук буда, зуд захмдор мешаванд, ба таъсири сироят хассосанд. Дар сурати ба духтарча дуруст нигохубин накардан, вулвит инкишоф меёбад. Баъди пешоб кардан ва казои хочат узвхои чинсии кудакро бо оби гарму пахта мешуянд, сипас бо парпеч хушк мекунанд. Хангоми шалхидани пуст ба он равгани растани ё доруи хока мемоланд. Хар руз дар вакти муайян казои хочат ва пешоб карданро ба кудак аз хурдсоли омузондан лозим аст. Зеро пур будани рудаи рост ва пешобдон ба кори ин узвхо таъсири бад расонда, боиси нодуруст чой гирифтани бачадони духтарчахо мегардад. Ба кудакон мустакилона шустани узвхои таносулро аз 5 – 6-солаги ёд медиханд. Хар руз бо эхтиёт шустани узвхои таносул хисси чинсии кудакро бедор намесозад. Баръакс, пур будани руда ва шошадон ангезиш ва хориши узвхои чинсиро ба вучуд меоранд. Трусии кудак набояд танг бошад.
Духтарчахо бояд зимистону тобистон трусии мувофик (ба танаш часпида истад ва дар айни хол танг набошад) пушанд, то ки шамол накашанд ва махбал ифлос нашавад; эзору труси хар руз бояд иваз карда шавад. Духтарчахои хурдсол хам тарашшухи махбал доранд, ки дар он бактерияхо афзоиш намуда, бемории вулвовагинитро ба вучуд меоранд. Беморихои сирояти (сурхча, махмалак, хунок ва г.) низ сабаби амрози узвхои таносул мегарданд. Аз ин ру, хангоми беморихои сирояти ба холати узвхои таносул диккати махсус додан лозим аст. Дар аснои пайдоиши аломатхои газак модар бояд кудакро ба духтур нишон дихад. Дар синни мактаби сайру гашти кудакон дар хавои тоза, варзиши чисмонии мунтазам, тахсилу истирохати мураттаб, риояи низоми хоб хеле мухим аст. Кори вазнини чисмони, дар мактаб муддати дароз паси парта ва дар хона паси миз нишаста дарс тайёр кардан, боиси качшавии сутунмухра ва ихтилоли шакли устухонхои кос мегарданд. Муаллимон ва волидон бояд сабзиши каду комати кудакро назорат кунанд. Парта ва стол бояд ба кади кудак мувофик буда, дуруст равшан шаванд. Кудакро аз дурбини ва наздикбини эхтиёт кардан лозим аст. Дар давраи балогати чинси, вакте ки дар силсилаи асаб ва гадудхои эндокрини тагйирот ба амал омада унсурхои мутобикати организм нихоят фаъоланд, мунтазам бо варзиш машгул шудан ва обутоб додани бадан хеле муфид аст.
Гигиенаи бонувон. Духтар бояд то синни навраси оид ба коидахои умумии Г. ш. тасаввуроти пурра дошта бошад, ба худ нигохубин карда тавонад. Модар, кормандони тиббии мактаб ё муаллима бояд ба духтар оид ба хусусиятхои анатомию физиологии организми зан маълумот дода, фахмонанд, ки хайз ходисаи табии буда, минбаъд мунтазам такрор мешавад. Агар духтар аз ин бехабар бошад, пас якбора пайдо шудани хун метавонад ба у зарбаи рухи расонад, давраи хайз халал ёбад. Хангоми дар давраи хайз бисёр рафтани хун, духтарчаро хатман ба духтури гинеколог нишон додан лозим аст.
Дар вакти хайз бинобар бекувват шудани организм таъсири микробхои сирояти ба узвхои таносул меафзояд. Аз ин ру, дар рузхои хайз аз паи тозагии сарулибос ва бадан шудан хеле мухим аст. Ба духтарон коидахоеро, ки дар вакти хайз риоя кардани онхо шарт аст, бояд омузонд. Дар аснои муътадил чараён гирифтани хайз тарзи зисту зиндаги набояд тагйир ёбад. Метавон бо варзиши чисмони машгул шуд, аммо чахиш, ичрои машкхои вазнин, велосипедрони, шиновари, иштирок дар мусобикахо мумкин нест. Тан, хусусан пой ва кисми поёни шикамро аз хунуки эхтиёт кардан лозим. Шустани бадан дар зери душ бехтар аст. Кабули ванна хам мумкин, аммо об бояд муътадил бошад. Рузе ду маротиба аввал даст ва баъд узвхои таносулро бо оби гарму собун мешуянд (аввал аъзои таносул, сипас рону макъад). Бевосита дар тагора шустани узвхои таносул норавост.
Хангоми хайз аз тахгиракхои махсуси гигиени истифода мебаранд. Тахгиракро дар як шаборуз чанд маротиба иваз мекунанд, то ки хуни дар он шахшуда чатанро захмдор накунад. Гайр аз ин, чанд трусии махсуси пахтагин ё трикотажи доштан лозим; трусихоро баъди шустан, дарзмол бояд кард. Дар синни навраси ба масъалаи тарбияи чинсии духтарон диккат дода, ба онхо мафхуми «шарафу номуси духтари», «шаъну эътибори зан»-ро фахмондан зарур аст.
Гигиенаи занхо низ хамин коидахоро дарбар мегирад. Духтарон дар бораи хаёти чинси бояд чунин тавсияхои бехдоштиро донанд: Чунончи, баъди алокаи чинсии аввалин муддати 2 – 3 руз аз мучомаат худдори кардан лозим аст (то ки пардаи кафидаи бакорат газак нагирад); дар рузхои хайз ба алокаи чинси набояд рох дод, зеро микробхо ба рохи таносул афтода, хунрави пуршиддат шавад; дар давраи хайз гасли махбал манъ аст; мучомаат бояд дар муддати 2 – 3 мохи аввали хомилаги махдуд ва 2 мохи охири пеш аз таваллуд комилан катъ гардад; алокаи чинси дар муддати 6 – 8 хафтаи баъди таваллуд низ манъ аст. Агар зан бо ягон сабаб кудакдор шудан нахохад, пас оид ба тадбирхои пешгирии хамл бояд аз духтур маслихат пурсад (дар ин сурат бо искот хочат намемонад).
Дар давраи климакс гайр аз тадбирхои умуи ва нигохубини узвхои таносул, хар руз бо сачоки тар пок кардани бадан, варзиши чисмони, сайругашт дар хавои тоза, гизои хушсифат тавсия мешавад. Бонувони аз хайз мондаро лозим аст, ки соле ду маротиба, хусусан хангоми пайдо шудани тарашшухи узвхои таносул, ба духтури гинеколог мурочиат кунанд.
Гигиенаи мард. Дар синни навраси писарбачахо бояд малакахои Г. ш.-ро хосил кунанд, бадан, муй ва сарулибос тоза бошад. Калонсолон бояд наврасонро аз хусуси ихрочи беихтиёри мани (одатан хангоми хоб руй медихад) огох созанд, ба онхо фахмонанд, ки эхтилом дар айёми балогати чинси ходисаи табиист.
Максади асоси аз тарбияи чинси он аст, ки наврас хиссиётро идора карда тавонад, ба хаёти чинси нафакат аз чихати маънави, балки аз нуктаи назари бехдошт хам омода бошад. Наврасро аз алокаи чинсии тасодуфи боздоштан ва окибати бади онро фахмондан хеле мухим аст.
Хар мард ва писарбача бояд узвхои таносулро тоза нигох дорад. Баъди эхтилом ё мучомаат, аъзои чинсиро бо оби гарм шустан лозим. Мардхо бояд донанд, ки мучомаат дар давраи хайз нафакат узвхои чинсии занро иллатнок мекунад, балки боиси газаки пешоброхаи мард (дар натичаи рох ёфтани лахтаи хун) низ мешавад.
Риояи коидахои Г. ш. ба пиронсолон хам зарур аст. Тадбирхои умуми, гизои мураттаб (аз руи синну сол), истирохат ва варзиши чисмони неруи мухофизати организми пиронсолонро ба кор андохта, мукобилати организмро ба беморихо афзун мегардонад. Доимо аз духтур маслихат пурсидан лозим, зеро кори чисмони ва хурду хурок бояд бо синну сол ва вазъи саломати мувофик бошад.
Ад.: Бобоев А., Бехдошт, Д., 1995; Хамон муаллиф, Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций, Д., 1982; Хамон муаллиф, Общая гигиена, Д., 2008.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …