Главная / Илм / ГИГИЕНАИ МЕХНАТИ ФИКРи

ГИГИЕНАИ МЕХНАТИ ФИКРи

stimulyacia-mozgaГИГИЕНАИ МЕХНАТИ ФИКРи, тадбирхои илман асосноке, ки бо максади бехдошти саломати андешида мешаванд. Агар одам аз руи тартиб мехнат ва истирохат кунад, мехнати фикри самараи хуб меорад. Кори берабт асабхоро хароб месозад. Шахсе, ки корашро дар вакти муайян сар накарда, халли масъалаи мушкилро ба рузи дигар мегузорад, тез хаста ва махсули мехнат паст мегардад.
Мехнати мачбури одамро дилгир месозад. Агар максади кор аник бошад, мехнат шавковар мешавад.
Натичаи хар кор, хусусан мехнати фикри, ба кайфият, вазъияти рухии оила ва шароити кор дар муассиса вобаста аст. Дар вазъияти бахилию бадхохи махсули мехнати фикри паст ва одам аз андак кор нихоят мондаю дилгир мешавад.
Вазъияти психологие, ки дар он хар як аъзои коллектив некхох ва некбин буда, бо хавсалаю кушиш мехнат мекунад, аз мухимтарин талаботи бехдошти рухи, аз чумла Г. аст.
Барои самараи дилхох додани мехнат шароити бехдошти мухит низ мухим мебошад. Коргохи пур аз дуди тамоку, бесарусомони ва галогула ба организми кормандон таъсири ногувор расонда, онхоро зуд хаста ва сифати корро паст мекунад. Нушокихои спиртдор, чойи талх ва кахваи зиёд низ ба кори фикри таъсири бад мерасонанд. Онхо аввал одамро андаке бардам мекунанд, вале баъд зиён меоранд: шахс хаста, бехоб, тундмичоз, парешонхотир мешавад.
Такмили дониш, инкишофи маънави ва фикри шарти зарурии муваффак гаштан дар кори эчоди аст. Одами машгул бо фаъолияти фикри агар тамоми умр пайваста омузад, метавонад мувофики талаботи замона эчод бикунад. Хусусиятхои мехнати фикри ба хамтои маъмули кори чисмони шабохат доранд. Дар натичаи машк ва кушиш махсули мехнати фикриро метавон баланд бардошт. Бефаъолиятии тулони ба кобилияти кори таъсири ногувор мерасонад. Чи тавре ки ба варзишгар бидуни тамрин иштирок дар мусобикаи спорти мушкил аст, барои мактаббача хам баъди таътил, яъне рузхои аввали тахсил, душворихо пеш меоянд. Аз ин ру дар айёми мехнати фикри дам гирифтан, як намуди мехнати фикриро ба дигараш иваз намудан, баъди мехнати фикри ба кори чисмони гузаштан муфид аст. Сайру гашт ва варзиш дар хавои тоза хастаги (хангоми дуру дароз дар вазъи якхела нишастан) – ро рафъ мекунад, ба кас халоват мебахшад. Баъзан дар хона рох гашта, фикр кардан низ ба халли масъала ёри мерасонад. Мехнати фикри гуногун буда, аз одам кобилияти махсус металабад. Мас., диспетчер бояд одами нихоят бодиккат бошад, вале барои ичрои хуби ин кор малакахои дигар, мас., кувваи хофиза низ лозиманд. Хар шахси машгули кори фикри метавонад мухточи маслихат бошад. Одамоне, ки аз хоб барвакт мехезанд, бояд барвакт хобанд, кори чиддии фикриро нимаи аввали руз ичро кунанд. Шахсоне, ки баъди нисфирузи ва бегохи пурмахсул кор мекунанд, бояд низоми кории худро мувофики он тартиб диханд. Одамони сергайрат масъалахои душворро бояд дар аввали руз хал намоянд, чунки онхо зуд хаста мешаванд. Ашхоси сусткор бояд рузи корро аз халли масъалахои одди сар кунанд. Азбаски ин кабил одамон масъалаи душворро дер хал менамоянд, рухафтода шуда, корро наметавонанд давом диханд. Дар ин маврид ба чои корхои душвор бехтараш дигар корро ба субут расондан лозим аст (масъалаи душворро баъди чанд руз бо осони хал кардан имконпазир мегардад). Ба одамони сабук ва чолок ба рузи дигар гузоштани халли масъала мувофики максад нест.
Оид ба Г. бидуни назардошти бисёр омилхо додани тавсияи бамаврид мушкил, хатто баъзан имконнопазир аст. Дар ин холатхо аз духтур – психогигиенист, психотерапевт ё психолог маслихат бояд гирифт. Ниг. низ Психогигиена.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …