Главная / Гуногун / ГИЁХИ ШИФОБАХШИ СИНО

ГИЁХИ ШИФОБАХШИ СИНО

Солхои нав ба Душанбе кучида омадани мо дар ин чо касалии варача бисьёр буд. Ин тахминан солхои 1933-1934 буд, ман духтарчаи калонакак будам. Кучида омадему андак вакт нагузашта дар хонаи мо хам чанд кас касал шуд: аввал модарам, сони акому ман. Факат падарам касал набуданд, он кас ба мо нигохубин мекарданд. Агар падарам набошанд, якамон ба дигарамон об хам дода наметавонистем. Он вактхо доруи духтур анко, ба пиёда як тараф истад, ба аспаки хам ёфт намешуд.

         Як руз падарам ба бозор рафта, аз як табиби шиносашон як хел гиёх гирифта омаданд. Вай гиёх хушку кок буд, рангаш сабзи баланд, номашро падарам ким-чи гуфта буданд, холо дар хотирам нест. Падарам он гиёхро ба мо нишон дода, хамин алафро чушонда обашро хурдан даркор будааст, ба касалии варача дору будааст, гуфтанду худашон вайро ба даруни як чойники тунука андохта, об кати карда хуб чушонданд. Баъди чушондан обашро андак хунук карда, аз хамун ба хар кадоми мо нимпиёла-ним пиёла хуронданд. Рузи дуюм хам оби мондагиашро гарм карда боз нимпиёлаги доданд. Бовар мекунед-ми, оби хамон гиёхро хурдему аз касалии варача тамоман халос шудем. Аз хамун вакт то имруз чи будани ин хел касалиро намедонам. Дар хотирам хаст, падарам хамон вакт гуфта буданд, ки ин гиёхи шифобахшро Абуали ибни Сино ёфта будааст.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …