Главная / Илм / ГИДРОТОРАКС

ГИДРОТОРАКС

hidrotoraxГИДРОТОРАКС (Hydrothorax; аз юн. hydor – об ва thorax – сина), дар чавфи плевра гун шудани об (транссудат). Г. дар ашхоси гирифтори беморихои дил, хангоми амрози гурда, сиррози чигар, дистрофияи гизои ва г. ба вучуд меояд. Сабаби дар чавфи плевра гун гаштани транссудат баланд шудани фишор дар венахои даври хурд ва калони хунгардиш, хамчунин паст шудани фишори онкотии плазма бинобар ихтилоли мубодилаи сафедахо ва ихрочи барзиёди сафеда бо пешоб аст. Г. бисёр вакт дутарафа мешавад; он метавонад бо обварами шикам (астсит), перикард (гидроперикард) ё варами зери пуст (анасарка) якчоя сурат гирад. Дар огоз аломатхои Г. падид намеоянд. Баробари афзудани моеъ (транссудат) дар сина эхсоси гарони пайдо мешавад; бемор дамкутах гашта, барои осон шудани нафаскаши мавкеи мувофик мечуяд. Г. дар беморони гирифтори астсит бинобар аз сурохи диафрагма ба чавфи плевра рох ёфтани моеъ ба вучуд меояд. Г. дар чунин холатхо яктарафа буда, ногахон пайдо ва бемор дамкутах мешавад.
Беморро зуд дар касалхона бистари кардан лозим аст. Дар аснои бисёр будани моеъ ва душвор гаштани нафаскаши, плевраро пунксия карда, аз хар ду тараф то 1 литри моеъ мегиранд. Фарчоми бемори ба дарачаи вазнинии касалии асоси вобаста аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …