Главная / Илм / ГИДРОТЕРАПИЯ

ГИДРОТЕРАПИЯ

gidroterapiyaГИДРОТЕРАПИЯ, обшифои, истифодаи об бо максади муолича ва пешгирии беморихо. Г. яке аз усулхои кадимтарини табобат аст. Аввалин маълумот оид ба Г. дар китоби хиндии «Ригведа», ки 1500 сол то м. навишта шудааст, дучор мешаванд. Г. дар Рими Кадим хеле ривоч ёфта буд. Дар он чо муассисахои махсуси чамъиятию гигиение мавчуд буданд, ки беморонро бо об табобат мекарданд. Дар бораи бо об табобат кардани беморон дар асархои Букрот ва Ибни Сино низ маълумоти зиёд оварда шудаанд. Ибни Сино хангоми обшифоии беморихои узвхои даруни, системаи асаб, пуст ва г. бо об илова кардани киёми гиёххоро тавсия намудааст. у таъсири оби хунук, ширгарм ва гармро ба пуст, холати умумии организм ва г. санчида, дар бораи коида ва муддати кабули обзанхо маслихатхо додааст.
Мохияти илмии Г. асри 19, баъди он ки духтурони рус А. Никитин (1825). Б. Гржимайло (1859) ва диг. таъсири физиологии обро ба организм омухтанд, муайян гашт. Об ба пуст таъсири харорати, механики ва химияви мерасонад; харорати об ангезандаи асоси ба шумор меравад. Харорати пуст хар кадар паст бошад, таъсири об хамон кадар зиёд мегардад. Оберо, ки барои муолича истифода мешавад, ба хунук (то 200С), нимхунук (21 – 330С), харорати индифференти (34 – 360С), ширгарм (37 – 390С) ва гарм (400С ва аз он баланд) чудо мекунанд. Г. умуми (ба даруни об кардани тамоми бадан) ва чузъи (ба даруни об кардани даст, пой ё ягон узви диг.) мешавад ва онро бо усулхои гуногуни техники (рехтан, молидан, компресс кардан, душу ванна ва г.) ба амал мебароранд. Оби хунук ва нимхунукро барои бехтар гардидани фаъолияти системахои дилу раг ва асаб, тезонидани мубодилаи моддахо, хангоми фарбехи, барои машк ва обутоб додани организм, оби ширгармро барои табобати беморихои илтихобии музмин, дасту пой ва миён, системаи асаби канори (тарбод, неврит, невралгия) ва г., оби харораташ безарарро хангоми баланд гаштани хассосияти асаб ва силсилаи дилу рагхо, сузиши пуст ва г., оби гармро хангоми ихтилоли баъзе намудхои мубодилаи модда ва беморихои гурда истифода мебаранд.
Дар Точикистон Г. дар курортхои Хочаобигарм, Шамбари, Обигарм, санаторияхои «Зумрад», Хавотог, Гармчашма ва г. ба рох монда шудааст. Дар курорти Хочаобигарм оби гарми минералию радиоактивро низ истифода мебаранд. Ниг. низ Ваннахо, Душ.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …