Главная / Илм / ГИДРОНЕФРОЗ

ГИДРОНЕФРОЗ

gidronefrozГИДРОНЕФРОЗ (Hydronephrosis; аз юн. hydor – об ва nephros – гурда), васеъ шудани хавзак ва чомчахои гурда, ки дар натичаи он паренхимаи гурда пажмурда мегардад; сабаби Г. халал ёфтани ихрочи пешоб аст.
Г. дар мавриди бемории санги пешоб, омоси роххои пешобгузар, беморихои гадуди простата (зермасона) ва узвхои коси хурд, ки ба пешоброха фишор меоранд, ба вучуд меояд. Бинобар халал ёфтани ихрочи пешоб, хавзакхо ва чомчахои гурда васеъ гашта, фишоре, ки пешоб ба паренхимаи гурда мерасонад, тадричан боиси пажмурдагии он ва ихтилоли фаъолияти гурдахо мешавад. Ихтилоли ихрочи пешоб барои хуручи илтихоб низ заминаи мусоид фарохам меорад (ниг. Пиелонефрит).
Беморон аз дарди шиддаташ гуногун дар мавзеи гурда шикоят мекунанд. Гохо сабаби асоси ва ягонаи Г. гематурия аст. Г. дар баъзе мавридхо тасодуфан ошкор карда мешавад. Хангоми гумон бурдан аз Г. беморро ба назди духтури уролог фиристодан лозим аст. Дар ташхиси клиникии Г. ахамияти усулхои рентгенологи ва ултрасадои калон мебошад.
Табобати Г. ба рафъ сохтани сабабхои манъи пешоб нигаронида шудаанд. Ниг. низ Гурда.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …