Главная / Илм / ГИДРАДЕНИТ

ГИДРАДЕНИТ

gidradenitГИДРАДЕНИТ (Hydr(o)adenitis; аз юн. hidros – арак ва aden – гадуд), илтихоби римноки гадудхои арак. Одатан, дар зери багал, баъзан дар чатан ва назди ноф ба вучуд меояд. Аксар вакт ба Г. одамони серарак гирифтор мешаванд. Ба пайдоиши бемори заиф гардидани организм, пухтану осеби пуст (мас., хангоми чидани муи зери багал), инчунин риоя накардани коидахои бехдошт, ки боиси ба мачрои гадудхои арак афтодани микробхои римовар мегардад, мусоидат менамоянд. Бемори хеле тул кашида, зуд-зуд авч мегирад ва мумкин аст чараёни музмин касб кунад. Хангоми Г. аввал дар зери пуст як ё чанд доначаи дардноки нахудмонанд пайдо шуда, тадричан то ба андозаи чормагз мерасанд. Бисёр вакт илтихоб насчи чарбии зери пустро низ фаро мегирад. Пусти руи гадуди иллати сурх аст. Дар баробари дарди сахт баъзан одамро табларза гирифта, вазъи умумии организм бад мешавад.
Хангоми пайдо шудани Г. хатман ба духтур мурочиат кардан зарур аст. Инкишофи минбаъдаи илтихоби рамнок метавонад боиси думбал гардад. Дар ин маврид беморро чаррохи мекунанд. Чаррохи ба пахн шудани газак ва пайдоиши оризахои ногувор (лимфаденит, уфунат, дабила) рох намедихад.
Барои пешгирии авчи Г. ба бемор истеъмоли нушокихои спирти, таомхои тунду тез катъиян манъ аст; у бояд шириниро кам истеъмол намояд. Гизоеро, ки микдори фаровони витаминхои А, С, Е ва охан (сабзи, карам, себ, гучуммева, настаран ва г.) дорад, бисёр истеъмол кардан зарур аст. Шарти асосии пешгирии Г. риояи коидахои гигиенаи шахси ва муоличаи серараки мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …