Главная / Илм / ГЕСТОЗ

ГЕСТОЗ

gestozГЕСТОЗ, оризаи хомилаги, ки боиси халал ёфтани фаъолияти баъзе узву бофтахо мегардад. Гумон меравад, ки сабаби Г. ташаннуч (спазм) ва тагйироти умумии рагхо аст. Оид ба пайдоиши Г. фикри ягона вучуд надорад. Бино ба акидаи баъзе мутахассисон Г. як навъи невроз буда, хангоми он робитаи тарафайн байни кишр ва зеркишри майна халал меёбад. Олимони дигар сабаби пайдоиши Г.-ро дар ночурии гадудхои усораи дохили (эндокрини), генетики, хамрохак ва г. мебинанд.
Г. хамеша бо ночурии фаъолияти гурдахо, чигар, силсилаи асаб, хамрохак рух менамояд. Аломати нисбатан бармахали Г. обварам аст. Дар натичаи он мубодилаи обу намакхо халал ёфта, нуфузпазирии девораи рагхо зиёд мешавад. Варам асосан дар пойхо, шикам, руй, панчаи даст ба вучуд меояд; фишори хун баланд гашта, дар таркиби пешоб сафеда ба мушохида мерасад. Дар сурати авч гирифтани маризи имкон дорад преэклампсия ва эклампсия низ рух намоянд. Дар ин холат микросиркулятсия дар силсилаи асаби маркази халал меёбад, ки барои модар ва тифл хавфнок аст. Агар фишори хун баланд шуда, сар дард кунад, пеши чашм сиёхи занад, дилбехузури ва дарди кисми болои шикам ба вучуд ояд, пас бетаъхир ба духтур мурочиат кардан лозим аст (нишонаи преэклампсия). Г.-ро дар таваллудхона муолича мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …