Главная / Илм / ГЕПАТОЛОГИЯ

ГЕПАТОЛОГИЯ

ГЕПАТОЛОГИЯ (аз юн. gepato – чигар ва логия), илме, ки чигар, талхадон, мачрои талха ва гадуди зери меъдаро меомузад. Амрози чигар аз замонхои хеле кадим диккати табибонро чалб карда буд. Бисёр масъалахои марбут ба беморихои чигар ва талхадон дар асархои табибони гузашта кайд карда шудаанд. Чунончи, Ибни Сино дар «Ал-Конун» рочеъ ба чигар ва холатхои он, ки аз панч макола иборат аст, фикрхои чолиб баён мекунад. «Чолинус гуфтааст, ки каси ба бемории чигар гирифтор шахсест, ки андар корхои чигараш аз гайри ягон холати зохирие аз кабили омос ва ё реши гарбелаке заъф чой дошта бошад» – кайд кардааст Абуалии Сино, – «Лекин ба хакикат заъфи чигар аз паси беморихои он хезад ва он ё ба иллати бадмизочии содаи бемодда ва ё бо модда ба амал омада, мабдаи он ё аз худи чигар аст ва ё аз андомхои дигаре, ки миёни онхову чигар хамсояги доранд. Мисоли он захрадонест, ки аз сафро кашидан бозмонда бошад, ё испурчест, ки аз савдо кашидан бозмонда бошад, ё гурда ва обгахест, ки бахши обиро накашанд, ё захдон аст, ки ба сабаби бехад хун рафтан, чигарро сард кунад ва ё ба иллати нихоят баста шудани хуни хайз хуни чигарро табах созад…» Шайхурраис андар баёни ташрехи захрадон (талха) менависад: «Аз чумлаи манфаатхои андар офариниши захрадон чойдошта ин аст, ки захра чигарро аз фазлахои кафки пок созад… низ хунро латиф созад…» Ибни Сино хусусан дар бораи яке аз беморихои вазнини чигар – яракон (гепатит) ва тарзи ташхису табобати он маълумоти аз нигохи илми асоснок додааст. у мегуяд: «Яракон нихоят зиёд дигаргун шудани ранги тан ва ба зарди ва сиёхи задани он бувад, аз бахри он ки хилти зард ва ё сиёх бидуни он ки гандида бошад, ба суи пуст ва чизхои бадан пайваста чори шавад… Сабаби зарди андар бештари холатхо аз суи чигар ва аз суи захрадон аст…»
Аз нигохи тибби муосир низ чигар хамчун гадуди калонтарини аъзои хозима беморихои бисёр дорад, ки сабаби онхо дар нукси мачрои талха, талхадон, рудаи дувоздахангушта, гадуди зери меъда ва г. нухуфта аст. Гепатитхои вируси ва шароби, сирроз, фиброз, бемории гелиотропи, синдроми Криглер Найяр, синдроми Жилбер, синдроми Ротор, гепатози равгани, думбал, саратон, астсит ва г. аз чумлаи беморихои чигар махсуб мешаванд.
Дар чумхури бисёр масъалахои марбут ба Г. дар Ин-ти гастроэнтерология хали хешро меёбанд. Олимони институти мазкур усули биопсияи сузании чигарро ба рох мондаанд, ки бахри ташхиси бисёр беморихои он мухим аст. С.-хои 90-уми а. 20 дар вил. Хатлон бемории дистрофияи гелиотропи хуруч ёфт. Мутахассисони Ин-ти гастроэнтерология дар пажухиш, ташхис ва табобати он сахми назаррас гузоштанд. Тадкикоти гистологи ва микроскопии бофтахои чигар собит намуд, ки дар даромадгохи он тагйироти илтихоби, яъне гепатит вучуд надорад. Дар мавриди бемори махз рагхои чигар иллат пайдо мекунанд. Бинобар ин маризии мазкур гепатоангиопатияи гелиотропи ё бемории Мирочник – Мансуров (ба шарафи мухаккикони он) номида шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …