Главная / Илм / ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛи

ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛи

gepatiti-alkogoliГЕПАТИТИ АЛКОГОЛи, беморие, ки бинобар аз таъсири шароб осеб ёфтани чигар пайдо мешавад. Г. а. чун истилох с. 1995 кабул шудааст. Он дар баробари фибрози алкоголи давраи аввали сиррози чигар махсуб мешавад.
Г. а. бемории тулони буда, баъди 5 – 7 сол мунтазам истеъмол намудани машрубот сар мезанад. Дарачаи вазнинии бемори ба микдор ва сифати машрубот, инчунин ба муддати истеъмоли он вобаста аст.
Г. а. устувор ва афзоянда мешавад. Дар мавриди Г. а.-и устувор агар мариз аз истеъмоли машрубот худдори кунад, пас раванди бемориро пешгири намудан имкон дорад. Дар сурати худдори накардан ва аз паи муолича нашудан, бемори авч гирифта, нишонахои он тезутунд мешаванд; дар чигар манбаъхои некроз пайдо гашта, маризи ба сиррози чигар табдил меёбад.
Дар мавриди сабук будани чараёни бемори муоличаи Г. а. натичаи дилхох медихад. Онро бо рохи санчиши лаборатори муайян мекунанд. Г. а. аломатхои махсус надорад: гох-гох дар зери кабургаи рост дард пайдо шуда, бемор оруг мезанад, дил андаке бехузур мешавад, эхсоси пур будани меъда ба вучуд меояд. Дар сурати авч гирифтани бемори мариз кай карда, дарунрав (исхол) мешавад; нишонахои зардпарвин ба вучуд меоянд; аз дарун хун меравад; микдори билирубин дар хун афзуда, бемор мумкин аст бинобар нукси чигар фавтад.
Чараёни Г. а. шадид ва музмин мешавад. Суиистеъмоли машруботи спиртдор дар 60 – 70 фисади холатхо боиси пайдоиши Г. а.-и шадид мегардад. Фарчоми бемори ба дарачаи ихтилоли фаъолияти чигар вобаста аст. Он хусусан хангоми мавчудияти сиррози чигар вазнин чараён мегирад. Барои тасдик намудани ташхиси бемори биопсияи чигар зарур аст. Мариз сусту бехолат ва хароб гашта, зери кабургаи рост дард мекунад; дилбехузури, кай, исхол, зардпарвин рух менамояд (зардпарвин боиси хориши пуст намешавад); такрибан дар нисфи беморон табларза ба мушохида мерасад. Хамзамон бо ин пневмония, перитонити бактерияви, септисемия низ ба вучуд меоянд.
Аломатхои Г. а.-и музмин низ ба нишонахои Г. а.-и шадид монанд мебошанд. Ташхиси Г. а. душворихо дорад, зеро дар бораи бемор маълумоти пурра ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин духтур бояд донад, ки мафхумхои «шаробманди» ва «суиистеъмоли шароб» чиро дарбар мегиранд. Меъёрхои шаробманди чунин мебошанд: бисёр нушидан ва хохиши хамешаги доштан ба истеъмоли шароб; вакти бисёри худро сарфи шаробхори кардан; дар чойхои барои саломати хатарнок истеъмол намудани шароб; аз масти ба пасти задан; ба вучуд омадани нишонахои абстиненсия (пархезгори); бо максади фуру нишондани нишонахои абстиненсия шароб истеъмол кардан.
Барои табобати хама гуна навъхои Г. а. аз истеъмоли шароб даст кашидан лозим аст. Муоличаи Г. а. вазифаи духтурони гепатолог ва нарколог мебошад.

Г.К. Мирочов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …