Главная / Илм / ГЕПАРИН

ГЕПАРИН

geparinГЕПАРИН, моддае, ки лахтабандии хунро пешгири мекунад; бори аввал аз чигар чудо карда шудааст. Г. дар хучайрахои узвхои хайвонот, мас., чигар, шуш ва девораи рагхо хосил мешавад. Аз чихати табиати химияви мукополисахариди сулфурдор буда, аз глюкозамин, кислотаи глюкуронат ва г. иборат аст. Массаи мол. такр. 20000 Да. Г.-ро аз чигар ва шуши чорвои калон хосил мекунанд. Дар тиб хамчун антикоагулянт барои пешгири ва табобати тромбозхо истифода мешавад (дар шакли махлул ва мархам). Дар мавриди беморихое, ки боиси ихтилоли лахтабандии хун мешаванд, хамчунин хангоми реши меъда ва рудаи дувоздахангушта, колит, омосхои саратони, эндокардити бактерияви, нукси чигар ва гурда, чаррохии майна ва сутунмухра истифодаи Г. чоиз нест. Он дар одамони организмашон хассос метавонад боиси зуком, саглес, ашкшори, табларза, ташаннучи бронххо шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …