Главная / Чугрофия / ГЕОСФЕРА ЧИСТ

ГЕОСФЕРА ЧИСТ

Замин аз якчанд кабат иборат аст. Онхоро геосфера меноманд. Геосфера калимаи юнони буда, “гео” – замин ва “сфера” кура аст. Аз ин чо маънии калимаи “геосфсера” номи умумии табакахои кураи Замин мебошад.

Геосфера аз чунин табакахо иборат аст: атмосфера. биосфера, гидросфсра. литосфера, мантия ва ядро (магз). Хамаи ин кабатхо ба ду гурух чудо мешаванд: кабатхои беруни ва дохили. Онхо бо таркиб, холат (газ. моеъ, сахт…). фарогири (муттасил ё номуттасил) ва гафсии худ аз якдигар фарк мекунанд.

Яке аз кабатхои Замин атмосфера мебошад, ки онро пурра печонида гирифтааст. Ба сатхи Замин бевосита алокаманд аст. Ин алокаманди ба кувваи кашиши Замин вобаста аст. Вай имконият намедихад, ки хаво дар коинот (фалак) пароканда шавад.

geosferaКабати дигари берунии Заминро гидросфера ташкил медихад. Ин кабати номуттасили Замин буда, дар сатхи он ба монанди атмосфера пардаи яклухтро хосил намекунад. Вай дар байни кабати атмосфера ва кишри Замин вокеъ гардида, тамоми укёнусхо» бахрхо, обхои сатхи хушки ва зеризаминиро дар бар мегирад. Биосфера (био – калимаи юнонй буда, маънояш “хаёт”аст) хам ба кабати берунии Замин дохил мешавад. Аммо ин кабатро бо кабати атмосфера, гидросфера ва литосфера (кишри Замин) монанд донистан дуруст нест. Барои он ки мавчудоти зинда хам дар хаво (то баландихои 10-12 км), хам дар об (дар тамоми обхо) ва хам дар хоку чинсхои кухй (микроорганизмхо то чукурии 3 км) пахн гардидааид.

Яъне биосфера як кисми атмосфера. литосфера (кишри Замин) ва тамоми гидросфсраро дар бар мегирад.

Кабати сахти аз хама болоии литосфераро кишри Замин мегуянд. Ин кабат нисбатан тунуку сахт буда, аз чинсхои кухии гуногун ташкил ёфтааст. Онхо кабат-кабат хобидаанд. Аммо микдори кабатхо дар хушки ва укёнусхо як хел нест. Зери кишри Замин аз се кабат иборат аст: чинсхои кухии тахшини, хоросанги ва базалти. Зери укёнусхоро хамагй ду кабат фаро гирифтааст: чинсхои кухии тахшини ва базалти.

Дар айни замон кабатхои берунии Замин – атмосфера, гидросфера ва биосфера нисбатан бехтар омухта шудаанд. Вале дар бораи кабатхои дохилии Замин (мантия ва ядрои Замин) маълумот хеле кам аст. Сарфи назар аз он олимон дар асоси маълумотхои мавчуда мукаррар намудаанд, ки дар зери кишри Замин кабати мантия ва дар таги он ядрои Замин вокеъ гардидааст. Мантия калимаи лотинй буда маънояш “рупуш” мебошад. Ядро дар маркази Замин чойгир шудааст. Радиуси он 3471 километр аст. Кисми берунии ядро (1200 км) дар холати гудохтаи тунук. дохили он сахт мебошад.

Сатхи ядроро кабати мантия ихота кардааст, ки гафсии он то 2900 км мерасад. Моддас, ки мантияро ташкил медихад, сахти чандир буда, дорои харорати баланд аст. Харорат дар чукури меафзояд. Бинобар ин моддаи мантия дар кисми поёнии он ба худ холати чандиру часпандаро мегирад, Ин моддаи часпанда тахти фишори баланд метавонад чорй шавад ва аз як тараф ба тарафи дигар харакат кунад. Дар натича аз хам чудошавии моддахои вазнин ва сабук ба амал меояд. Моддахои вазнин ба поён ва моддахои сабук ба боло харакат мекунанд. Ин ходиса дар чукурии 100 150 км кабати мантия босуръат мегузарад ва боиси оташфишонии вулконхо. хосилшавии чашмахои оби гарм, харакат ва ба кафидахои кишри Замин дохил шудани магма (юнони-айнан мархами гализ) ва зилзила мегардад. Чиндоршавии кабати кишри Замин ва кухпайдошавй хам ба он вобаста аст.

Савол ва супорнш

  1. Замин аз кадом кабатхо иборат аст?
  2. Кабатхои Замин ба кадом гуруххо чудо мешаванд?
  3. Кабатхои берунии Замин бо кадом хусусиятхояшон аз якдигар фарк мекунанд?
  4. Ба кабатхои дохилии Замин кадом кабатхо дохил мешаванд?
  5. Хусусияти онхоро накл намоед.
  6. Кадом кабатхои Замин нагз омухта шудаанд?
  7. Сабабаш дар чист?
  8. Дар кадом кабати Замин вулкон зилзила ва чиндоршавии кабатхо рух медихад?
  9. Рухдихии ин ходисахо ба чи вобаста аст.
  10. Моддаи ядрои Замин дар кадом холат аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …