Главная / Илм / ГЕМОСИДЕРОЗИ ПуСТ

ГЕМОСИДЕРОЗИ ПуСТ

gemosiderozi-pustГЕМОСИДЕРОЗИ ПуСТ (Haemosiderosis cutis; аз гемо… ва юн. sideros – охан), иллати пуст, ки бинобар афзудани нуфузпазирии капиллярхо ва дар пуст тахшон шудани пигменти гемосидерин ба вучуд меояд. Дар мавриди Г. п. дар пусти по догхои чигарии буртоб пайдо мешаванд. Г. п. якумин ва дуюминро фарк мекунанд. Дар инкишофи Г. п.-и якумин мавкеи беморихои сирояти, захролуди, ихтилоли нейроэндокрини (мас., диабети канд), беморихои умумии рагхо (мас., бемории гиппертония) ва г. калон аст. Г. п.-и дуюмин хангоми беморихои гуногуни пуст (мас., дерматит, экзема, нейродермит) ва осеби он пайдо мешавад. Ихтилоли харакати хун, хусусан дар пойхо (дар натичаи бисёр рост истодан) омили асосиест, ки ба пайдоиши Г. п. заминаи мусоид фарохам меорад.
Бо максади табобати Г. п. бемории асосиеро, ки сабаби он шудааст, муолича кардан лозим. Маризи некфарчом буда, гохо худ аз худ шифо меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …