Главная / Илм / ГЕМОПЕРИКАРД

ГЕМОПЕРИКАРД

gemoperikardГЕМОПЕРИКАРД (аз гемо… ва лот. pericardium – халтаи дил, гилофи дил), дар чавфи перикард (гилофи дил) гун шудани хун. Вобаста ба сабаби пайдоиш Г. осеби ва гайриосеби мешавад.
Г.-и осеби дар натичаи захмдор шудан, осеби пушидаи дил, баъди амалиёти чаррохи дар дил, инчунин пунксияи дил, перикард ё гузоштани катетер ба чавфи дил ба вучуд меояд. Г.-и гайриосеби дар мавриди кафидани дил хангоми сактаи миокард рух менамояд.
Окибати Г. ба микдори хуне, ки ба чавфи перикард афтодааст, вобастаги дорад. Агар он аз 200 мл зиёд набошад, Г. бидуни ягон аломат сурат мегирад; дар сурати аз 400 мл зиёд будани микдори хун ба хаёти бемор хавф тахдид мекунад. Аломатхои асосии Г. тахикардия, суст будани набз, паст шудани фишори артерия, баланд гаштани фишори вена, дамкутахи, сианоз, варам кардани венахои гардан ва г. махсуб мешаванд.
Хангоми гумон бурдан аз Г. маризро бетаъхир дар шуъбаи чаррохи хобондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …