Главная / Илм / ГЕМОГРАММА

ГЕМОГРАММА

gemogrammaГЕМОГРАММА (аз гемо… ва юн. gramma – навиштан), натичаи санчиши микдори ва сифатии хун. Дар Г. микдори эритроситхо дар 1 мкл хун, бузурги, шакл ва ранги онхо, адади ретикулоситхо, гемоглобин ва нишондоди ранги, хачми миёнаи эритроситхо, микдори миёнаи гемоглобин дар эритроситхо, микдори лейкоситхо дар 1 мкл хун, таносуби намудхои гуногуни онхо бо фоиз, микдори тромбоситхо ва сохтори онхо кайд карда мешаванд.
Таркиби хун ба таносуби равандхои хунофари ва раванди физиологии хароб гаштани унсурхои хун вобаста аст. Г. имкон медихад, ки чунин таносуб ошкор карда шавад: мас., лейкопения бо кам шудани адади нейтрофилхо ва эозинофилхо хангоми фуру нишастани лейкоситопоэз ба мушохида мерасад; дар аснои анемия анизоситоз (гуногун будани андозаи эритроситхо), полихромазияи эритроситхо (шаклхои норасидаи онхо) ва афзудани микдори ретикулоситхо оид ба таквият ёфтани дегенератсияи хуни сурх далолат мекунанд; пойкилоситоз (тагйир ёфтани шакли эритроситхо), доначадории эритроситхо, мавчудияти халкахои Кебот (бокимондаи ядро) дар эритроситхо рочеъ ба бартарии равандхои харобгарди дар онхо маълумот медиханд.
Нишондоди Г.-ро барои назорат аз болои таъсири дорухо кор мефармоянд. Чунончи, муайян кардани микдори гемоглобини эритроситхо (на дертар аз 1 маротиба дар 7 – 10 руз) барои мукаррар кардани воя ва тартиби истеъмоли дорухои охан дар маризони гирифтори анемияи камохан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …