Главная / Илм / ГЕМОДИАЛИЗ

ГЕМОДИАЛИЗ

ГЕМОДИАЛИЗ (аз гемо… ва юн. dialysis – тачзия, чудо шудан), усули берун аз гурда тоза намудани хун. Г.-ро хангоми иллати шадид ва музмини гурдахо, захролуди аз спирт, дору ва моддахои химияви (агар аз мембранаи гемодиализи гузаранд), ихтилоли таркиби электролизии хун ва г. кор мефармоянд. Хангоми А. аз организм махсули зарарноки мубодилаи моддахо хорич ва мувозанати обу электролитхо баркарор карда мешавад.
Масъалаи тоза намудани хун аз замонхои кадим маълум аст. Табибони гузашта сабаби бисёр беморихоро натичаи махлут гаштани моеъоти бадан мехисобиданд. Барои тоза кардани онхо аз чушоби растани ва минералхои гуногун истифода мешуд. Бо вучуди ин, муолича самараи дилхох намедод ва хатто барои саломатии мариз хавфнок буд.
Асри 19 баробари ривочу равнаки биохимия масъалаи тоза намудани хун то хадде халли хешро ёфт. С. 1854 олими шотланди Т. Грэх ба Г. асоси физики гузошт. у дар китоби «Неруи осмоси» барои аввал оиди аз пергаменти махсуси нимнуфузпазир ибрози акида намуд. Усули мазкур барои чудо намудани махлулхои коллоиди ва кристаллоиди имконпазир гашт. Т. Грэх конунхои диффузия ва осмосро исбот намуда, чараёни диффузияи махлулхои кристаллоидиро ба тавассути когази пергаменти диализ номид.
Пас аз 50 сол Ч.Ч. Абел аппарати аз хун чудо кардани моддахои халшударо ихтироъ намуд. Тадкикот дар сагхои гурдаашон бурида гирифта гузаронида шуд. Маълум гашт, ки аз таркиби хун дур кардани моддахои нитрогении бо сафедахо пайвастнабуда имкон дорад. Хурдии сатхи мембрана имкон надод, ки аппарат барои тоза кардани хуни одам низ истифода гардад. Ба сифати воситаи пешгирии лахтабандии хун хангоми аз аппарат гузаштани он гирудин (антикоагулянте, ки аз шуллук мегиранд) кор фармуда мешуд. Бинобар самараи кам доштани гирудин оризахои чиддии суддабанди рух менамуданд.
Г.-и нахустини одам с. 1924 дар Германия аз чониби духтур Г. Хаас гузаронда шудааст. Ба сифати антикоагулянт гирудини тоза истифода гашт. Хосиятхои антигении он имкон намедод, ки диализ зиёда аз 30 – 60 дакика гузаронда шавад. С. 1927 дар мавриди Г. бори аввал ба сифати антикоагулянт гепарин истифода гашт. Хамин тавр, Г. Хаас нахустин олиме буд, ки камбудихои Г.-ро бартараф сохт.
3 сент. с. 1945 бори аввал дар чахон бо рохи Г. бемор аз игмо (кома)-и уремияви бароварда шуд (духтури голланди В. Колф). Дар натичаи бо гемодиализатор тоза кардани хун консентратсияи карбамид дар таркиби он паст гашт. С. 1946 В. Колф бори аввал дар чахон дастурамалеро оид ба муоличаи беморони уремия бо рохи Г. ба табъ расонд.
Дар мавриди Г. моддахои таркиби хун бо рохи диффузия ва конвексия дур карда мешаванд. Диффузия ба тавассути мембранаи сунъи сурат мегирад; дар як тарафи мембрана хуни патсиент, дар тарафи дигар – махлули диализи чойгир аст. Вобаста ба масомахои мембрана аз хун моддахои массаи моллекулаашон гуногун – аз натрий, калий ва карбамид то сафедахо (В2 – микробулин) хорич карда мешаванд. Ба хуни патсиент аз махлули диализи метавонанд электролитхо (натрий, калий, калсий, хлорид) ва моддахои калонмолекула рох ёбанд. Бинобар ин дар таркиби махлули диализи консентратсияи муайяни электролитхо вучуд дорад, ки барои нигох доштани мувозанати электолити дар организми патсиент пешбини шудаанд; махлул ба таври махсус тоза карда мешавад, то ин ки захри бактерияхо ё моддахои химияви ба хуни патсиент рох наёбанд. Хангоми диффузия аз хун моддахои захрноки бо сафедахо пайваст ва гидрофоби амалан чудо намешаванд.
Конвексия низ ба тавассути хамон мембранаи гемодиализи бинобар тафовути байни фишори хун ва махлули диализи сурат мегирад; он имкон медихад, ки аз таркиби хун моддахои захрноки гидрофоби хорич карда шаванд. Ниг. низ Гурдаи сунъи.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …