Главная / Илм / ГАЗИ КАРБОН

ГАЗИ КАРБОН

gazi-carbonГАЗИ КАРБОН, губори ангишт (CO), махсули сузиши нопурраи ин ё он сузишвори. Г. к. рангу буй надорад; организмро захролуд мекунад. Омехтахои газии мухаррикхои дарунсуз Г. к.-и зиёд доранд. Захролуди аз Г. к. ба хосил гаштани карбоксигемоглобин (моддае, ки оксигенро пайваст намекунад) вобаста аст (ниг. Хун). Дар натича ба организм оксиген намерасад (ниг. Гипоксия) ва фаъолияти хама бофтахою узвхо вайрон мешавад. Аз Г. к. дар хонае, ки печка ё сандали дорад, захролуд шудан мумкин аст (хусусан вакти ангиштсанг сухтан). Хангоми хобидан дар автомобили тирезахояш махкам ва мухаррикаш гирён низ метавон захролуд шуд. Бо максади рафъи захролуди микдори Г. к. дар хавои чои кор (истехсолот) бояд аз 20 мг/м3 зиёд набошад.
Дарачаи захролуди аз Г. к. ба микдори он дар хаво, муддати таъсир ва хассосияти одам вобаста аст. Дар мавриди захролудии сабук сар вазнин шуда, чаккаю пешони дард мекунад, гуш садо медихад, дар пеши чашм «пашшача»-хо мепаранд; ларза, бемадори, тез задани дил, дилбехузури, кай рух менамояд. Хангоми захролудии сахт зарардида бехуш, гавхараки чашм васеъ, нафасгири суст ва кори дил тез мешавад.
Ёрии аввалин: то омадани духтур зарардидаро хар чи зудтар ба хавои тоза бароварда, ба биниаш пахтаро дар спирти навшодир тар карда наздик меоранд, кафаси синаашро молида, бо курпа мепушанд, чойи гарми талх ё кахва медиханд. Ниг. низ Захролуди.

М.Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …