Главная / Илм / ГАЗХОИ ИХРОЧШУДА

ГАЗХОИ ИХРОЧШУДА

vyhlopnye-gazyГАЗХОИ ИХРОЧШУДА, омехтаи моддахое, ки хангоми сухтани сузишвори дар мухарраки дарунсуз ба вучуд меояд. Бо Г. и. ифлос гаштани атмосфераи хаво бинобар афзоиши босуръати воситахои наклиёт (автомобил, самолёт ва г.), махсусан дар шахрхое, ки адади автомобилхо тадричан меафзояд, масъалаи фавкулода мухим гардидааст. Таркиби Г. и. ба навъи сузишвори, тартиби кори мухаррик, хел ва холати он вобаста аст. Дар таркиби Г. и. гази карбон (мошини сабукрав дар як соат аз 0,5 то 1,7 кг, мошини боркаш 1,5 – 2,8 кг гази карбон мебарорад), карбогидридхо, оксиди нитроген ва алдегид, мас., формалдегид, сурб (хангоми истифодаи бензини омехта бо этил) мавчуданд. Дар таркиби Г. и.-и мухаррикхои дизели дуда низ вучуд дорад. Аз карбогидридхо, алдегидхо, оксиди нитроген ва г. дар натичаи амалиёти мураккаби фотооксиди, ки ба онхо радиатсияи ултрабунафши офтоб мусоидат мекунад, фотооксидантхо хосил мешаванд. Микдори фотооксидантхо ба фасли сол, вакти шаборуз ва диг. омилхо вобаста аст. Истилохи «оксидантхо» мачмуи дар хаво гун шудани моддахои оксидкунанда (озон, оксидхои нитроген, пероксиатсилнитрат, формалдегид ва г.)-ро ифода мекунад. Хатто микдори ками оксидантхо боиси сурх шудани луобпардаи чашм ва авч гирифтани иллати роххои нафас мегардад.
Аз Г. и. ифлос гаштани хаво бештар дар шахрхое, ки кучахои танги шамолногузар дошта, харакати наклиёт бисёр аст, инчунин дар гаражхо, муассисахои хизмати техники, истгоххо ва кароргоххо мушохида мешавад. Г. и. дар атмосфера муддати дароз боки монда, онро захролуд месозанд.
Дар мубориза бар зидди ифлосии атмосфера андешидани чунин тадбирхо самарабахш мебошанд: назорати катъи (автомати) аз холати техникии мухаррикхо хангоми ба рох баромадани мошин (сари вакт таъмир кардани мотор, танзими дурусти карбюратор ва г.); дар гараж аз 1 – 1,5 дак. зиёд рох надодан ба кори мухаррикхо; ба рох мондани назорати катъи аз болои вентилятсия дар бинохое, ки мухаррикхои дарунсуз кор мекунанд. Сохтани кучахои васеъ, роххои автомобилгарди берун аз шахр, ташкили харакати беисти наклиёт, ба махаллахои истикомати ва саноати таксим кардани худуди шахр ва г. аз чумлаи тадбирхои мухими дар хаво кам кардани Г. и. махсуб меёбанд. Чораи катъии мубориза бар зидди Г. и. иваз кардани сузишвории мухаррикхои дарунсуз, такмил додан ва сохтани мухаррикхои нав мебошад.
Конунгузории ЧТ оид ба хифзи атмосфера масъалахои зиёдро дарбар мегирад. Як катор санадхо кабул гардидааст, ки меъёри сифати мухити зист, лимити партов ба хавои атмосфера, коидахои кори дастгоххо, наклиёт ва г.-ро танзим менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …