Главная / Гуногун / ГАЗАЛХОИ РУДАКИ

ГАЗАЛХОИ РУДАКИ

Кабл аз он ки дар бораи газалхои Устод Рудаки сухан гуем, зарур аст, ки рочеъ ба пайдоиши газал ва чигунагии он дар ибтидо фикри худро баён намоем. Аслан, ин нукта дар адабиётшиноси нав нест, солхост, ки ин мавзуъ дар байни уламои Гарбу Шарк мавриди бахс карор гирифтааст. Гурухе, аз кабили Х. Эте, Ш. Шефер, Ч. Пикернинг, Р. Леви, С. Айни, З. Сафо, Ч. Хумои, И. С. Брангинский, Ш. Хусейнзода, Р. Ходизода ва бисёри дигарон бар он акидаанд, ки газал дар адабиёти форсу точик аз ибтидои пайдоиши он, яъне хануз аз асрхои IX ва X мавчуд буд. Ин акидаи ом аст. Вале аз руйи огохии мо, аз соли 1924 дар адабиётшиноси, ки ба пажухиши таърихи адабиёти форсизабон дахл дорад, иддае аз мухаккикон пайдо шуданд, ки дар баён ва расидагии ин масъала фикри мукобили акидаи болоро чонибдор хастанд. Шиблии Нуъмони, Е. Э. Бертелс, П. Н. Хонлари ва махсусан А. М. Мирзоеву 3. Муътаман ба исбот расондани мешаванд, ки газал (ба гуфти А. М. Мирзоев, «газали истилохи») чун шакли мустакили шеър дар асрхои IX—XI вучуд надошта, аз асри ХП ба ин тараф пайдо мешавад ва факат дар эчодиёти шоъири бузург ва шайхи сутург Муслихиддин Саъдии Шерози (1184—1292) холати нихои ва шакли охирини худро касб мекунад. То ин замон газал хамон тагаззули насиби касида будааст.

Хамаи гуфтахои тарафайни мутакобил дар рисолаи А. М. Мирзоев «Рудаки ва инкишофи газал дар асрхои X—XV» (нашри нахустинаш бо хуруфоти араби, Сталинобод, 1957), ки чандин бор ба забонхои точики ва руси дар Душанбе, Техрон ва Маскав чоп шуд, оварда мешавад. Вале фикри худи  А. М. Мирзоев дар хусуси пайдоиш, тахаввул ва ташаккули газал мавриди кабули хамагон нагардид. И.С.Брагинский дар асоси навиштахои парокандааш оид ба газал дар мавридхои гуногун хануз соли 1958 тахти унвони «Рочеъ ба пайдоиши газал дар адабиёти форсу точик» маколаи махсусе (мачаллаи «Советское востоковедение», 1958, № 2, с. 94— 100) нашр намуда, бори дигар на танхо ба исбот расонд, ки газал чун шакли мустакили шеъри форсии точики дар асрхои IX— X махсус ба зоти худ мавчуд буд, балки аксар ба хайси суруд хонда мешуд ва барои чунин ном (яъне «газал») гирифтанаш он бо газали араби, ки аз асрхои VI— VII (яъне замони чохилият) боз арзи вучуд мекард, низ вобастагие дорад. Мо чонибдори ин акида хастем.140

Рочеъ ба газал гуфтани Рудаки чи мадраке дар даст дорем? Аввал, ин ки худи у чандин бор газал гуфтани (Худойро бисутудам, ки кирдгори ман аст, — Забонам аз газалу мадхи бандагон-ш насуд) худро гушзад менамояд ва газалу мадхро дар як саф мегузорад (Дарег мидхату чун дурру обдор газал, — Ки чобукиш наёяд хаме ба лафз падид). Баъдан, маликушшуъарои дарбори Султон Махмуд (998— 1030) Унсури (ваф. 1037) газалхои Рудакиро дастнорас ва эчоди «газали Рудакивор»-ро аз иктидори хеш боло мешуморад:

Газал Рудакивор неку бувад,

Газалхои ман Рудакивор нест!

Агарчи бикушам ба борики хам,

Дар ин парда-андар маро бор нест!

Дигар доир ба газал гуфтан ва газал доштани Устод Рудаки шакку шубхае буда наметавонад. Газалхои Рудаки, кабл аз хама, эхсосоти ошиконаро хеле хуб, муассир, гуворо ва дилрабо ифода мекунанд:

Дило, то кай хамечуйи манеро,

Чи дори дуст харза душманеро?!

Чаро чуйи вафо аз бевафое,

Чи куби бехуда сард оханеро?!

Аё савсанбаногуше, ки дори

Ба рашки хештан хар савсанеро!

Яке з-ин барзани норох баршав,

Ки бар оташ нишони барзанеро!

Дили ман арзане, ишки ту кухе,

Чи сойи зери кухе арзанеро?

Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,

Макуш дар ишк хира чун манеро!

Биё, инак нигах кун Рудакиро,

Агар бечон равон хохи танеро!

Ин чо хама тасвирхо оли ва табиъи хастанд, тугёни эхсосоти ошикона мавч мезанад, ташбеххо мисли тоблуи рассоми чирадаст вазъи ошики хунёгарро самимона баён мекунанд, ки дар натича мурочиати шоъир ба маъшук, (агар хохи рох рафтани тане бечонро бибини, мархамат, мушохида бикун, Рудаки дар наздат!) оличаноб хусни мактаъе мегардад. Хамеша мулокот бо чунин бути мулукфиреб лаззате дорад ва фарах мебахшад. Симои ин хел бут ба ошик нихоят завкбахш аст:

Хубон хама сипоханд, ушон Худойгон аст,

Мар некбахтиямро бар руйи у нишон аст!

Устод Рудаки аслан холати маъшукро мисли рассом менигорад. Ана, таваччух фармоед, чехраи нигорини аз кадух-гармоба ба назди ошик ташрифовардаро у чи гуна ба калам медихад:

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадух,

Бо ду рух аз бода гулгун, бо ду чашм аз сехр шух!

Мастии ишк, базми айшу тараб, тавсифи руйи маъшук (Мохи тамом аст руйи дилбараки ман—В-аз ду гули сурх андар у паргола), тасвири лаб (Лабат себи бихишту ман мухточ, — Ёфтанро хаме наёбам вайл), васфи зулфи маъшука (Зулфайнаки у нихода дорад — Бар гардани Хорут завлона), бепарвоии дилбар (Харгиз накунад суйи мани хаста нигохе, — Оранг, нахохад, ки шавад шод дили ман), хамеша хохони махбуба будани ошик (Ай харидор ман туро ба ду чиз: — Ба тану чону мехр дода рабун), истикболи чонона (Як су кашамаш чодар, як су нихамаш муза, — Ин мурда агар хезад, варна ману чалгуза), бебокии ошик (Нест аз ман ачаб, ки густохам, —Ки ту:карди ба аввалам даста), ранги зард ва ниёзи шахси дустдор нисбат ба дилбар (Зар хохию турунч?! Инак ин ду рухи ман, —Май хохию гулу наргис, аз он ду рух чуй), холи низори дустчу (Ай мояи хубию некноми, —Рузам надихад бе ту рушнойи) мазмуну мухтавои аглаби ашъори ошиконаи Устод Рудакист. Мурочиатхо ва хитобахои ошик ба маъшук  (Бахори Чин кун    аз он руй    базмхонаи хеш, — Агарчи хони ту    навбахори бархаман аст)    ва баргаштани   гами ошики   аз дилдор   ба дилбар (Ба ту бозгардад    гами    ошики, — Нигоро,    макун    ин хама зиштёд) мухтавойи аксари ашъори ошиконаи   Рудакист, Дар ин навъ байтхои Устод Рудаки    тасвири буса  (Бо ду-се буса    рахо    кун  ин дили аз   дард  ханок, — То ба  ман эхсон-т   бошад ахсануллоха   чазок!), кайфияти он (Манам ху карда бар бусаш чунон   чун боз бар миста, — Чунон бонг орам аз бусаш, чунон чун бишкани писта)    хиссиёти хонандаро бармеангезанд. Хатто   гами  ишки маъшука ранчу дардро аз дили ошик пок мегардонад (Гар кунад   ёрие маро бо гами ишк он санам, — Битавонад зудуд з-ин дили гамхора    занги гам).    Ба фармудаи А. М. Мирзоев,  «афкори ошиконаи  Рудаки умуман дар  атрофи ду мавзуъи асоси — васфи зебои  ва    хулку атвори маъшук  — маъшука,    тасвири    шархи холи ошик давр мезанад.    Мавзуъи хакикати    ишку шархи он, ки низ яке аз мавзуъхои умдаи ашъори ошиконаи  адабиёти классикии  форсу точик   аст, дар мероси адабии Рудаки дучор намешавад.    Шояд ашъори дар ин мавзуъ сурудаи Рудаки то давраи мо нарасида бошад».141

Устод Рудаки шархи холи ошикро чунин менигорад:

Сарсари хачри ту, ай сарви баланд,

Решаи умри ман аз бех биканд!

Пас, чаро бастаи уям хама умр,

Агар он зулфи дуто нест каманд?

Ба яке чон натавон кард суол,

К-аз лаби лаъли ту як буса ба чанд?!

Бификанд оташ андар дили хусн,

Он чи хичрони ту аз сина фиканд.

Бо камоли бовари метавон гуфт, ки газалхои мукаммали Устод Рудаки басо ранторанг буда, мавзуъхои гуногунро фаро мегиранд. Ин аз он гувох аст, ки шоъири панчруди аз устодони бехамтои навъи газал буда, бо хунари нотакрори худ ин навъи шеъри форсии точикиро низ ба куллахои баланд бардошта будааст. Лафзи ширин, хаёли муносиби ба хам пайвастани суханхои ноб бо як мусикавияти хос хондан ва шунуфтани онхоро нихоят завкбахш мегардонад, ки хама чун таронаи ишк пазируфта мешаванд.

Хамирмояи  газал  ишк  буда, дар  тасвири Рудаки  мавхуму мутлак нест. У бо чашми чамолпарасти худ назокати зеборуёни замини, чехраи бутони лоларухи сияхчашми мулукфиреб, сабохати луъбатакони чун мох, комати дилбари бовикори чун сарв баланд, симои нигори гулгунчехраи савсанбаногуш, зебоии санами мохруйи хурнажод, хироми душизаи чаъдмуйи голиябуй ва рафтори мояи нози маъшукахои фаттонро зери назора гирифта, дар хуби онхоро аз Хуршеду Мох ва Сухайлу Муштари боло мегузорад. Ин аъчубахои нигоштаи Рудаки бо дурахши шаъшааноки хусни чахонорои худ чашмро хираву басиратро тира намекунанд. Баръакс, хонанда аз тасвирхои Устод шакарханди ёри мушкинтурраи худ, пареши зулфайни анбарини у, рухи садбаргвор нозук, лаби лаъли чонбахш ва дахони чун донаяки дунимаи анор танги уро эхсос менамояд. Сехри калами суханвари бузург дар чунин мавридхо тавре хонандаро зери таъсир мегирад, ки чозибаи мухаббатро дар калби у афзуда, хаммонандии гунчаю наргис, бунафшаю ёсамин, сунбулу лола, себу анор ва узвхои шавкбарангезандаи дилбари худи уро чунон дар назараш чилва медихад, ки кас дар зехни таровати гули бахори, нозукии барги ёсамин, накхати мушк, голияи насими бомдоди бахорон ва хирому рафтори уро ба хам чур тасаввур намуда , эътикоду иштиёкаш ба муъниси хамрози худ зиёд мешавад. Баъди чунин пиндор хар маъшукае, ки аз дилбохтааш дил бурдааст, дар эътикоди ошики покбози мушток бо хамаи хубихош шоистаи парастиш мегардад. Азбаски гуфтори сехрангези шоъир дар дили хонанда, хосса хонандае, ки ошик бошад, маскан мегирад, у аз забони худ метавонад, ки ба дилбараш дар хозиру гойиб рози дил гуяд:

Гирифт хохам зулфайни анбарини туро,

Ба буса   накш кунам барги ёсамини туро!

Хар он замин, ки ту як рах бар у кадам бинихи,

Хазор сачда барам хоки он замини туро!

Хазор буса дихам бар сихойи номаи ту,

Агар бибинам бар мухри у нигини туро!

Ба  теги  хинду, бигу, дасти ман чудо бикунанд,

Агар нагирам рузе ман остини туро!

Агарчи хохиши мардум бувад, ки шеър бояд гуфт,

Забони ман ба рави гардад офарини туро!

Ин рубоъи низ бо газали боло хамфитрат аст:

Номат шунавам, дил аз фарах зинда шавад,

Холи ман аз икболи ту фархунда шавад.

В-аз гайри ту хар чо сухан ояд ба миён,

Хотир ба хазор гам пароканда шавад.

Ин навъи шеъри ошикона факат шеъри мустакил буда метавонад, ки онро ба чуз колаби газал ангоштан нашояд, зеро аз лихози мазмун пурраву аз хайси сохтор мукаммал буда, наметавонад чун тагаззул давом дошта бошад. Набудани тахаллус маънои онро дорад, ки хануз дар газал тахаллус кардан роич нагардида буд. Газали дигари Устод Рудаки, ки бо мисраъи «Хар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд» огоз меёбад, мумкин аст тагаззуле бошад.

Боз, Устод Рудаки чунин шеъре дорад, ки он хам хеле машхур аст:

Биёр он май, ки, пиндори, равон ёкути ноб асти

Ва ё чун баркашида тег пеши офтоб асти!

Ба поки, гуйи, андар чом монанди гулоб асти,

Ба хашши, гуйи, андар дидаи бехоб хоб асти!

Сахоб асти кадах, гуйиву, май катри сахоб асти,

Тараб, гуйи, ки андар дил дуъои мустачоб асти!

Агар май нести, дилхо хама яксар хароб асти,

Агар дар колбад чонро надидасти, шароб асти!

Агар ин май ба абр – андар ба чанголи укоб асти,

Аз он то нокасон харгиз нахурданди, савоб асти!

Абдулгани Мирзоев «онро, бидуни шубха, метавон газал номид» — мегуяд.142 Саъдоншох Имронов бар он аст, ки шояд банде аз таркиббанд ва ё тарчеъбанд бошад, ки онро касе тасдик ё рад накардааст. Ба андешаи мо, он дар вокеъ газал аст, газалест, ки онро дар истилохи адабиётшиноси газали зеби кофия мегуянду намунаи онро дар девони шоъирони дигари баъдинаи форсигуй, аз чумла Санойии Газнави, пайдо кардан мумкин аст.

Дар газали поён танхо мактаъ, ки тахаллус дорад, намерасад:

Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо,

Чунон ки хотири Мачнун зи турраи Лайло!

Чу гулшакар дихим, дарди дил шавад таскин,

Чу туршруй шави, ворахони аз сафро!

Ба гунчаи ту шакарханда нашъаи бода,

Ба сунбули ту дар гуш мухраи афъо!

Бибурда наргиси ту оби чодуи Бобул,

Кушода гунчаи ту боби муъчизи Мусо!

Хамин тарик, дар карни дахуми мелоди газал аз намудхои ройичи шеъри форсу точик буда, шоъирони зиёде дар ин навъи шеъри, ки бо дили инсон кордор буд, кувваи худро озмудаанд ва Устод Рудаки дар ин шакли шеъри хам пешрави замон будааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хар чи зуд барояд, дер напояд

Хоки Машрик, шунидаам, ки кунад Ба чихил сол косае чини. Сад ба рузе кунанд дар …