Главная / Маданият ва санъат / ГАЗАЛХОИ САЙИДОИ НАСАФИ

ГАЗАЛХОИ САЙИДОИ НАСАФИ

saydoi-nasafi-gazalМурги беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чугзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ахдхои у шудам рози ба марг,
Шаб, хама шаб дасту теги котилам омад ба ёд.
Дар талоши бахр чун гирдоб саргардон шудам,
Хасрати лабхои хушки сохилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман гайр аз сипанд.
Сухтам, чун мазраи бехосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теги нохакхурда сайди бисмилам омад ба ёд.

Фалак ба комати пири хамида мемонад,
Чахон ба дехаи торочдида мемонад.
Нихоли гул ба назар найзаест хунолуд,
Ба бог сарв ба тири хазина мемонад.
Кадом сайд кушодаст синаро чу хадаф,
Ки абруяш ба камони кашида мемонад.
Зи чуши лолаву гул бог шуд чунон гулгун,
Ки барги ток ба дасти бурида мемонад.
Зи баски ахли чахон хуни якдигар хурданд,
Сари сипехр ба нори макида мемонад…
Замона оби тароват зи чуйи гулшан бурд,
Замини бог ба чайби дарида мемонад.
Даруни чомаи рангини хеш дунёдор,
Ба кирмхои бирешимтанида мемонад.
Макун насихати дунё ба мардум, эй воиз,
Ки ин сухан ба хадиси шунида мемонад.
Дилам зи ёди кафас, Сайидо, малул шавад,
Ба мурги хонаи сайёддида мемонад.

Нигахи масти ту хуни дили ахбоб хурад,
Теги бедоди ту аз фарки ачал об хурад.
Аз чахон гум шуда мехри падару фарзанди,
Варна Рустам ба чи боис сари Сухроб хурад?
Катраи май сари Мансур баровард ба дор,
Войи он кас, ки хама умр майи ноб хурад.
Хар ки бо душмании халк равонаст чу бахр,
Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чи руст?
Муй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Соки, бидех он май, ки зи дил шур барояд,
Мастона табассум зи лаби хур барояд.
Чандон зи пайи донаи холи ту давидам,
Акнун нафасам чун нафаси мур барояд.
Ох аз чигарам аз хаваси он лаби ширин,
Пур обила чун хушаи ангур барояд.
Дар базми ту, то руз шудан, дар табу тобам,
Оташ зи кабоби мани махчур барояд…
Шириндаханон нисбати худ бо ту расонанд,
Сад хуша зи як донан ангур барояд.
Дур аз кади ту сарв шавад пойшикаста,
Бе руйи ту наргиз зи чаман кур барояд…
Нуше, ки хавас мекуни аз суфраи золим.
Нешест, ки аз хонан занбур барояд.
Дар орзуи шамъи ту фосуни хаёлам,
Аз равзанаи хонаи ман нур барояд…

Дидаи чарх ба золим нигарон хохад буд,
Тирро гушаи абру зи камон хохад буд.
Кисмати бехудагу дар хама чо рузравост,
Аз сафар суди чарас оху фигон хохад буд.
Моли горатзада аз хокими дех бояд чуст,
Гургро нест гунах чурми шубон хохад буд.
Согару шиша зи мехмонии гам сер шуданд,
Хонаи ахли карам аз дигарон хохад буд…
Ботину зохири ушшок чу гул якранг аст,
Хар чи бошад ба дили мо ба забон хохад буд,
Касри давлат, ки ба у халк биное доранд,
Чун хубобест, ки бар об равон хохад буд…
Хар ки чун гунчаи гул киса пур аз зар дорад,
Тугмаи точи сари ахли чахон хохад буд.
Риштаи то гашт мурассаъ зи гухар донистам,
Чарх дар тарбияти бехунарон хохад буд.
Нашаванд ахли тамаъ дур зи атрофи танур,
Ба умеде, ки дару сурати нон хохад буд,
Сайидо, дахр ба навкиса наку пардозад,
Майли пирон ба муридон ба чавон хохад буд.

Дар ахди мо ривоч ба ахди хунар намонд,
Имруз обруй ба лаълу гухар намонд.
Парвона рафт, нашъа париду кадах шикаст,
Аз шамъ ёдгор ба чуз чашми тар намонд.
Аз хеч хонае набаромад садои чуд,
Дар рузгори мо зи каримон асар намонд.
Рахме ба сокинони гулистон ки мекунад?
Эй богбон, ба мурги чаман болу пар намонд.
Гардуни сифла бехунаронро ривоч дод,
Азбаски эътибор ба сохибхунар намонд.
Нагрифт хуни нохаки парвона шамъро,
Файзе ба гиряи шабу охи сахар намонд.
Рафтанд, Сайидо, ба сад афсус ахли чох,
Бар сар аз ин кулох ба чуз дарди сар намонд.

Хум тихи шуд аз маю даври кадах аз по фитод,
Базм охир гашту токи аз сари мино фитод.
Беадаб худро ба андак фурсате созад халок,
Бесутун аз чо нарафту кухкан аз по фитод.
Мурги дилро дар каманд оварду гирди дил нагашт,
Ох аз он сайде, ки бар сайёди бепарво фитод.
Карздор аз шахр бигрезад зи дасти карзхох,
Лола дог аз синаи ман буду дар сахро фитод.
Рафт Хотам аз чахону чонишини у намонд,
Хум ба сар галтиду дар дунболи у мино фитод.
Сайидо, чун сарв сабзам дар бахору дар хазон,
Бар сарам чун соя то шохи гули раъно фитод.

Дар гулистон бе ту ашк аз чашми булбул мечакад,
Рангубу мегардаду об аз рухи гул мечакад.
Мурги дилро куштаи имруз пинхон кардаи,
Хуни ин сайд аз дами теги тагофул мечакад.
Зулфи мартуби ки имшаб дода обат, эй санам?
Шабнами ошуфтаги аз шохи сунбул мечакад…
Аз дахони хома хар шаб, Сайидо, оби сиёх
То сахар дар хасрати он зулфу кокул мечакад.

Аз дили дунёпарастон завки сухбат бурдаанд,
Рушнои аз чароги ахли давлат бурдаанд.
Нест дар олам асар аз файзи олихимматон,
Аз хаво гармиву аз оташ харорат бурдаанд.
Чашми ёри бастаанд, аз кори якдигар хавос,
Рузгоре шуд, ки аз хешон мурувват бурдаанд.
Карда то пойи тамаъ озодагонро бекарор,
Аз нихоли сарв бори истикомат бурдаанд.
Бар гул обурангу бар булбул намебинам намак,
Аз асирон шуру аз хубон малохат бурдаанд.
Кай бувад дур аз Ватан чое мусофирро карор,
Дар чаман аз чашми шабнам хоби рохат бурдаанд.
Бар давоти гайри ахли фикр хун гиряд калам,
Чониби зиндон азизонро ба тухмат бурдаанд.
Карда кумри сарвро дар хона пинхон чун сутун,
Дар чаман то номи он шамшодкомат бурдаанд.
Он бути наккош то аз хонаи ман рафтааст,
Бистари осоиш аз пахлуи сурат бурдаанд.
Нест ороме даруни сина дилро, Сайидо,
Лаззати осудаги аз кунчи узлат бурдаанд.

Кухро афгонам оташ дар чигар меафганад,
Бахрро ашкам ба гирдоби хатар меафганад.
Чуди найсонро чи бошад обру пеши садаф,
Дар иваз хар катраи уро гухар меафганад.
Дилрабоён мекунанд аз якдигар касби хунар,
Гул зи тифли гунчаро дар фикри зар меафганад,
Гушаи майхона эй зохид ба чашми кам мабин,
Хар ки он чо по нихад, уро ба сар меафганад…
Сайидо, гар аз лабаш гуям хадисе дар чаман
Гунча аз гул пеши руйи худ сипар меафганад.

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месузад,
Ту дар як хона оташ мезани, сад хона месузад.
Ту май бо гайр менушиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анчуман мегардиву парвона месузад.
Ба чисму чони ман, эй барки бепарво, мурувват кун
Ту бар кохи ман оташ мезаниву дона месузад.
Нигохи гарм дар майхонаи ман аз ки афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месузад.
Туро имруз хамчун муйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месузад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,
Ба холам ошно мегиряду бегона месузад.
Ба ёди он гули ру, Сайидо, шамъе ки афрузам
Ба гулшан булбулу дар анчуман парвона месузад.

Кабобам карда бепарвохироме, чашми майнуше,
Каландармашрабе, як шахр ошуб хонабардуше,
Мурассаъостин, гулдаргиребон, нозукандоме,
Мунаккашчомае, зарринкамарбанде, кулахпуше,
Сиях бе сурма мижгоне, лаби бебода рангине,
Нигах хомушгуёе, забонгуёи хомуше,
Мусофирпарваре,ороми чоне, сохибидроке,
Сафарнокарда мардумдидае, савдогари хуше.
Нигохе васлпайгоме, ба лаб имои дашноме,
Гахе гармошночашме, гахе ошикфаромуше.
Чаман машшотаи банди кабо, сунбулхаводоре,
Гулираънокафипое, кади кокулрибодуше.
Ба худ магрур чаллоде, назар бе дом сайёде,
Банохак тегзандасте, насихат ношунавгуше,
Чу фикри Сайидо шухе, чу тути нармгуфторе,
Забон фаввораи шахде, дахон сарчашмаи нуше.

То ту рафти анчуман гардид мотамхонае,
Шамъ афтодаст хамчун мурдаи парвонае.
Рафтию базми маро яксар парешон сохти,
Не сурохи пеши соки, чобачо паймонае.
Омадам чун Офтоб аз дасти танхои ба чон,
Рузгоре шуд намеёбам ба худ хамхонае.
Чуши савдои ту хар дам мезанад сангам ба сар,
Меравам дар кучахо монандаи девонае.
Чустучуят мекунам аз худ намеёбам хабар,
Гох аз хамсухбатону гох аз бегонае.
Устухонам тутиё хохад шуд аз чаври фалак.
Дар гулуи осиё афтодаам чун донае.
Сайидо, аз хонаам то он париру рафтааст,
Кушта шамъи кулбаам девонаи парвонае.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …