Главная / Илм / ГАЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

ГАЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

gaz_rastani-660x330Газ (ба русс. Гребенщик) — хелхои гуногун дорад: баъзе босамар, баъзе бесамар; баъзеаш пуштиранги майда дар хуша гул мекунад ва баъзеаш гул намекунад. Баргаш монанди барги арча. Бехтаринаш дар канорхои обхои ширин руйидаи он аст. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва хушк аст, вале баъзехо сардии мизочи онро дар дарачаи дувум медонанд.

Хислатхои шифобахши он: решаашро дар равгани зайтун пухта, хар дуро, яъне реша ва равганро бихуранд, иллати махавро, ки аз варами захрнокии сипурз ва аз гирех пайдо кардани ин узв ходис шуда бошад, шифо мебахшад; агар решаи онро бо сирко пухта бихуранд, зардпарвинро, ки сабабаш сустии захрадон ва банд шудани моддаи сафро дар он бошад дафъ мекунад. Барои кушодани гиреххо ва тахлил додани варами сахти чигар хар руз 150 грамм сиркоеро, ки решаи газ чушонида шуда бошад, бинушанд, шифо мебахшад.

Баргхояшро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дандон ва милки онро мустахкам мекунад. Ва агар ин обро биёшоманд, исхолро банд месозад ва рафтани хунро аз бачадон мебандад, инчунин рафтани рутубатро аз он хушк мекунад.

Усораи барги он, яъне оби барги онро дар офтоб гафс гардонида ё баргхояшро дар об чушонида, он обро, ё гулаш ва ё тухмашро биёшоманд, сипурзи сахти бехад васеъгаштаро кучак мегардонад, хусусан онро дар сирко ва бо анчир чушонида бошанд, зудтар таъсир мекунад.

Хар як кисми газро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, хунравиро аз макъад, бачадон ва инчунин аз бавосир манъ мекунад. Агар бо он об сарро бишуянд, шапуш ва ришкро дафъ месозад.

Баргхояшро пухта, куфта, бо сирко ва решаи кавар ё сабир (алоэ) хамир сохта гузошта банданд, варами гарм ва сахтии сипурзро тахлил медихад. Ин баргхои пухтагиро аз ру гармбанди кунанд, иллатхои сипурзро дафъ мекунад.

gaz_rastani-300x240Гази хушкро куфта бипошанд, решхои тар ва захми обилаи дар оташ сухтагиро хушк мекунад. Шох ва баргхои онро сухта, дудашро бигиранд, зукомро шифо мебахшад, зулуки дар халк мондаро ихроч мекунад ва инчунин обила ва захмхои тарро хушк мегардонад.

Се дафъа баргашро сухта, макъадро ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро меафтонад ва озаххоро хушконида мерезонад. Хокистари чуби газро дар макъад бардоранд, иллати сустии макъад (кутан) ва баромадани онро ба ибро меоварад. Агар инро бипошанд, решхои тарро хушк мекунад ва сухтагии оташро шифо мебахшад.

Самари газро куфта бихуранд, хун кай карданро, ки кухна шуда бошад, шифо мебахшад, милкхои сусти дандонро мустахкам мекунад ва фасоди хавои вабоиро дафъ менамояд, инчунин захри гундаро аз бадан хорич мегардонад. Агар аз зарфи чуби гази об ва таом бихуранд, барои беморихои сипурз фоида дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …