Главная / Илм / ГАСТРОСКОПИЯ

ГАСТРОСКОПИЯ

Хангоми шунидани ин калима шояд мехроби дилатон ях мекунад ва рефлексии кайкуни пайдо мешавад. Пас маълум мешавад, ки шумо дар асри гузашта зиндаги мекунед, он вактхое ки рударезини хеле дарози гафси сиёхеро ба гулуи шумо тела мекарданд. Имрузхо ин гуна тахкикро бе хеч гуна дард ва амалан бе хеч нокулайи гузаштан мумкин аст.

ИН ХУДАШ ЧИ АСТ?

Эзофагогастродуоденоскопия (ЭГДС) – ин усули тахкикие аст, ки тавассути он духтур кисмхои болоии рохи меъдаву рудахо (ЖКТ), сурхруда, меъда ва рудаи дувоздахангуштаро муоина мекунад.

БАРОИ ЧИ ИН КОРО МЕКУНАНД?

Инак, духтур шуморо ба гастроскопия (ба таври илми гуем – эзофагогастродуоденоскопия  ё ЭГДС) равона кард. Сабаби ин кор метавонад на факат дарди меъда, балки зардачуш, оругзани, хиссиёти нофорами зери кафаси сина (мехроби дил), дар пагохи хис кардани маззаи турши ё талхи дар дахон низ бошад… Хамаи инхо – нишонахои хосси бо ном ночурии (иллатнокии) меъда мебошанд. Пардаи луоби, ки вазифааш хифозат кардани деворахои меъда аз кислотаи намаки аст ва бо ёрии он раванди хурокхазмкуни мегузарад, дар ягон чойе вазифаашро ичро карда наметавонад ва табии аст, ки ба илтихоб гирифтор мешавад. Аммо илтихоби дарозмуддат ё мунтаззам — дар аксар мавридхо ба захми меъда, бодхура (эрозия) ё маълул (атрофия) оварда мерасонад.

gastroskopiya

Барои онхое ки дар авлодашон беморони гирифтори бемории захми меъда, гастрити музмин, омоси меъда доштаанд, хатто агар шикоят хам набошад духтурон метавонанд гастроскопияро пешниход кунанд. Аломатхри ночурии меъда метавонанд одди бошанд… рихинакхои руй (угри).  Барои хамин дар аксар мавридхо беморони дерматологхо барои гастроскопия низ роххат мегиранд.

ЧИ ТАВР ИНТИХОБ КАРДАНИ КЛИНИКА?

Бояд ба он чое равед, ки дар он чо ЭГДС бо ёрии видеоэндоскоп гузаронида мешавад. Дар кисми бештари клиникахои Россия ин тахкиккуни бо гастроскопхои намунаи кухна – фибронахи (худи хамон рударезинхои хеле дарози гафси сиёх) гузаронида мешавад. Духтур чашмашро ба окуляр гузошта меъдаро тавре ки мегуянд бо чашми худ муоина мекунад.

Видеоэндоскоп – ба таври принсипиали технологияи дигар аст. Он расмро ба таври раками ба монитор интикол медихад. Хангоми тахкиккуни сабти видеои низ гузаронида мешавад, яъне ки хангоми зарурат онро боз аз нав тамошо кардан мумкин аст, хар як кисмати шубханокро хеле калон карда дидан мумкин аст. Диски CD ё DVD –ро бо сабти гастроскопияи шумо хангоми зарурат ба дигар мутахассисон нишон додан мумкин аст; баъд аз чанд вакте аз руи ин видеосабтхо холати бехтаршавии (динамикаи) меъдаи шуморо дар мукоиса дида назорат кардан мумкин аст.

Ба гайр аз он диаметри “луларезини” видеоэндоскоп назар ба тачхизотхои пештара хеле хурдтар аст. Моделхое низ хастанд, ки дар онхо ин луларезин ба мисли ришта борик аст.

ЧИ ТАВР ОМОДА ШУДАН ЛОЗИМ АСТ?

Ба гастросокпия бо меъдаи холи мераванд. Ин маънои онро дорад, ки охирон бор на дертар аз соати 19:00 –и бегохирузи хурок хурдан лозим аст. Ба хеч вачх аз бегохи нушидани нушокихои спирти мумкин нест. Аз он рефлекси кайкуни чандкарата  зиёдтар мешавад. Зимнан, ин рефлекс дар мардуми махаллхои чануби (грузинхо, арманихо, озарбойчонихо ва дигар мардуми Кафкоз) бе алкохол хам хеле пуркувват аст. Меарзад, ки ба онхо пешаки ягон доруе дода шавад ё аз хоболудкунии кутохмуддат истифода бурда шавад.

ОЁ ДАРДОВАР АСТ Ё НЕ?

Дар баъзе одамон хатто муйи борике хам кайкуниро ба бор меорад. Барои хамин хам дар гастроскопияи хозира анестезияи муосир истифода бурда мешавад: на бехискунандаи чойхои алохида, балки дорухои хобовари таъсири кутохмуддат. Одам ба муддати як соат ба холати хоболуди мефтад ва дертар «навигариеро» мефахмад, ки уро гастроскопия кардаанд. Ин метафора нест: дар хакикат бисёр беморон проседураро дар ёд надоранд.

Маълум аст, ки пурра ба ин коида такя кардан низ лозим нест, баъди фахмидан дар бораи ин тачхизот меарзад, ки оиди намудхои анестезия низ маълумот гиред. Агар ба шумо хоб рафтан бештар маъкул бошад, ба назар гиред, ки пас аз он аксуламали (реаксияи) одам паст мешавад – баъди он то рузи дигар дар сари чанбараки рул нишастан мумкин нест.

АФЗАЛИЯТХОИ  ИЛОВАГИ

Хусусияти фарккунандаи гастроскопияи муосир – дар давоми проседура духтур метавонад экспресс-тахлилро барои пайдо кардани Helycobacter Pylory (хеликобактер пилори) – гузаронад, ки он микроорганизме аст, ки дар бисёр холатхо сабаби гастритхо, эрозияхо ва  захми меъда мегардад. Пешаки аз коргузори (маъмурияти) клиника фахмида гиред, ки оё онхо ин гуна хизматрасони доранд ё не.

Агар экспресс-ташхис гузаронида нашавад, хатман пурсед, ки оё умуман дар ин муассиса тахлил барои Хеликобактерия гузаронида мешавад ё не? Агар чавоб, Не бошад, пас ному шухрати (репутатсияи) ин клиника зери шубха аст.

Агар оиди омос (опухоли) камтарин шубхае бошад, пас нисбати интихоби муассисаи тибби бояд хеле чидди бошед. Пурсидан зарур аст, ки оё биопсия (тахкики лукмачае аз луобиятхои меъда дар зери микроскоп) ва усулхои иловагии ташхиси , масалан хромогастроскопия гузаронида мешаванд ё не. Чунки хамаи инхо ташхиси дакикро кафолат медиханд.

ТО КАДОМ АНДОЗА ИН БЕХАВФ АСТ?

Меарзад аник кунед, ки дар клиника чи кадар эндоскопхо хастанд. Стандартхои амалкунандаи тамъизкуни (стерилизатсия) хеле чидди хастанд: коркарди механики, тар карда мондан дар махлулхои махсус, коркард бо спирт … Ин гуна кор аз 15 то 30 дакика вактро мегирад. Барои хамин дар клиникахои хуб хама вакт якчанд эндоскоп кор мекунанд: хангоме ки яке аз онхо кор фармуда мешавад, дигараш аз тамъизкуни мегузарад. Ин гуна тарзи кор имкон медихад, ки навбатпойии одамони гурусна ва газаболудшуда  бартараф карда шавад ва хавфи бо хеликобактерия ва гепатитхо сироят кардани онхо низ вучуд надорад.

Агар гастроскоп факат якто бошад, барои он ки хатто хавфи фарзи (гипотетики) бартараф шавад, бояд навбати одамон чиддан назорат карда шавад. Агар бемори навбатиро пас аз панч дакикаи баромадани бемори пешина даъват кунанд, пас маълум аст, ки ин чо корхо тоза ва поквичдонона нестанд.

Тавсияи аз хама оддитарин ва боэтимодтарин: агар шумо ба ин клиника бори аввал омада бошед ва ному шухрати он ба шумо маълум набошад, пас худро дар навбати се нафар аввалинхо нависед. Бехтараш аз хама аввалин бошед.

Имрузхо гастроскопия хам ба мисли Тахкики Фаросавти (УЗИ) ё ченкунии фишори чашмон проседураи токатпазир шуда мондааст. Фоидаи онро набояд нодида гирифт. Ба шарофати амали кардани видеоэндоскопия Чопон кишваре гашт, ки дар он чо аз хама зиёдтар омосхои меъда маълум карда шуданд ва мутаносибан хам кишваре гашт, ки дар он чо аз хама фоизи зиёдтари шифоёби аз ин омосхо вучуд дорад.  Аз ин мебарояд, арзанда аст, ки акаллан як маротиба дар яку ним – ду сол соате дар кати эндоскопист бихобед, то мутмаин бошед, ки хатто агар осебе бошад хам он натавонад марговар шавад. Оиди захми меъда, ки холо техникаи муосир ва фармакология ба осони дар давоми 7-10 руз онро бартараф мекунанд, хочати гап хам нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …