Главная / Илм / ГАРМОЗАНи

ГАРМОЗАНи

garmozaniГАРМОЗАНи (Thermoplegia), беморист, ки дар натичаи аз хад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири харорати баланди мухит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, рохпаймоии дуру дароз, дар хавои гарм пушидани либоси хавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тагйиГАРМОЗАНи (Thermoplegia), беморист, ки дар натичаи аз хад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири харорати баланди мухит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, рохпаймоии дуру дароз, дар хавои гарм пушидани либоси хавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тагйироти харорати мухит хуб мутобик мешавад, чунки организм кобили танзими харорат (бинобар арак кардан) аст. Дар аснои нихоят гарм шудан ва араки зиёд кардан, аз организм оби бисёр хорич шуда, хун гафс ва мувозинати намак вайрон мегардад. Бинобар ин шахсро гармо мезанад. Бо оксиген таъмин нашудани бофтахо, аз чумла сар, окибати бади Г. мебошад. Танзими харорати кудакон (хусусан тифли ширмак), одамони солхурда ва ашхоси системаи асаби вегетативиашон заиф номуккамал аст. Танзими хароратро рутубати баланди хаво, ки дар натича ихрочи арак мушкил мегардад, душвор менамояд. Бехоли, шалпари, дилбехузури, дарди сар, сарчархзани аввалин аломатхои Г. мебошанд. Минбаъд харор. бадан то 38 – 400С баланд шуда кай, бехуши, баъзан рагкаши ба амал меояд.
Гармозадаро то омадани духтур ба чои соя ва шамолрас хобонда ба сар, пахлуи гардан, зери каш ва кадкашак ях ё оби хунук гузоштан лозим. Хоса бо чойпуши тар печондани у манфиат дорад, чунки буг шудани об харорати баданро паст мекунад. Барои афзудани бугшави вентилятор мегузоранд.
Офтобзани аз таъсири бевоситаи нури офтоб ба сари луч ба вучуд меояд. Тани офтобзада аз хад зиёд гарм мешавад. Аломатхои офтобзани ва Г. ба хамдигар монанд буда, ба як тарз ёрии аввалин расонда мешавад.
Барои пешгирии Г. ва офтобзани коидахои дар сехи гарм ва офтобруя кор карданро риоя намудан зарур аст. Хусусан, риояи низоми ошомидан хеле мухим мебошад. Аз нушидани чойи начандон талх, квас ва айрон мувозинати обу намак баркарор мешавад. Кор ва хуроки нисфирузии одамони махаллхои иклимаш хеле гарм бояд ба вакти нисбатан салкини руз рост ояд. Дар гарми истеъмол кардани нушокихои спиртдор танзими хароратро якбора вайрон ва ба Г. мусоидат мекунад. Баъди муддати зиёд рох гаштан, дар соя дам гирифтан зарур аст. Дар сафар либоси сабук, хавогузар ва кулох пушидан лозим. Мухлати зиёд дар офтобруя ва бинои гарм будани одамони заиф чоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …