Главная / Илм / ГАРМАЛАФ

ГАРМАЛАФ

garmalafГАРМАЛАФ (Bidens tripartita), гармича, хори сагак, гиёхест яксола. Аз 15 то 110 см кад мекашад. Пояаш рости сершохча, бури сурхтоб, баргаш паррадор, гулаш найчамонанд, майдаи зард; самараш хоракхои кач дошта ба либос ё пашми хайвонот мечаспад. Июн – июл гул карда, авг. мева мебандад. Г. дар чойхои сернам, маргзор, сохили дарёву чуйборхо, канори шолизор ва шибирзамин меруяд. Дар мавзеъи д. Сир, к-куххои Туркистон, Хисору Дарвоз ва нохияхои Точикистони Чануби (дар баландии 800 – 2000 м аз с.б.) вомехурад.
Г. растании доруист. Бо максади табобат барг ва навдахои наврустаи онро мегундоранд (ба дарозии 15 см). Ин корро то гулшукуфт ё дар огози шукуфтани гул анчом медиханд. Растаниро дар чои сояи шамолрас тунук карда, зуд – зуд тагору карда меистанд. Онро метавон то 2 сол нигох дошт. Чушоби Г.-ро барои муоличаи беморихои зангила (синга), бронхит, нуксонхои чигар, узвхои хозима, амрози пуст (хоришак, шукуфа, экзема) истифода мебаранд. Г. ба таркиби бисёр дорухои мураккаби наботи, ки хамчун воситаи тозакунандаи хун муфид мебошанд, дохил карда мешавад. Бо накеъи он (2 кошук алафашро ба 2 истакон оби чуш андохта, 30 – 35 дак. нигох медоранд; сипас даворо полонда рузе 3 маротиба ½ истакони меошоманд) бемории никрис, диабети канд, тарбод, радикулит ва илтихоби банду бугумро табобат мекунанд, чун давои пешоброн кор мефармоянд. Табибони тибети бо накеъи Г. камхуни, сухтани, атеросклероз, табибони чини бошанд, бемории силро даво мебахшанд. Табибони халкии точик накеъи баргу пояи Г.-ро барои муоличаи варача, накеъи решаашро хангоми бемории обхура тавсия медиханд. Мархами алафи Г.-ро ба гармича мемоланд (номи махаллиаш аз хамин чост).
Дар амалияи тиб Г.-ро барои табобати диатези кудакон, ширинча ва рахит кор мефармоянд. Чушоби Г. доруи зидди ширинча аст. Накеъи онро чун доруи пешобу аракрон ва таквиятбахши узвхои хозима тавсия медиханд.
Г. давои хуби ханозир ва диатези кудакон мебошад. Бо ин максад 1 чумчаи онро дар 1 истакон об чушонда (10 дак.), баъди хунук шудан ба кудакони 4 – 5-сола як кошукча, ба кудакони 10 – 12-сола бошад, як кошук (рузе 3 – 4 маротиба) медиханд. Хамчунин 3 кошук (10 г) – и Г.-ро дар 2 истакон об 10 дак. мечушонанд; сипас бо он пусти беморро тарбанди мекунанд ё ба тагорача андохта, кудакро оббози медароронанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …