Главная / Илм / ГАРИЗА

ГАРИЗА

instinktГАРИЗА, инстинкт, рафтори модарзоди хайвоноту одам, ки барои мутобикат дар шароити муайяни хаёт нигаронида шуда, зери таъсири эхтиёчи биологи (гизо, алокаи чинси ва г.) рух менамояд. Г. аз омезиши чузъхои модарзоди ва гайримодарзодие, ки дар чараёни инкишофи фардии организм хосил шудаанд, иборат аст. Аз ин сабаб на дар бораи Г., балки дар бораи рафтори гаризави, ки онро ба дарачаи кофи дар мачмуи умумии таассури рафтори хайвонот чудо кардан мумкин аст, сухан ронданро авлотар медонанд. Аз назари биологияи хозира Г. шакли модарзод ва катъиян мутобиккардаи рафтори хайвонот мебошад, ки зери таъсири эхтиёчи асосии биологи ба вучуд меояд. Г. тачрибаи муфиди насли гузаштаи хамин намуди биологиро, ки дар аксуламали хайвонот амали мегардад, инъикос мекунад. Аксуламал ба хосил кардани натичаи барои хамин хайвонот (ё умуман намуд) муфид нигаронида шудааст.
Тасаввурот дар бораи Г. замонхои кадим низ чой дошт. Файласуфи Юнони кадим Хрисипп онро барои тавсифи рафтори парранда ва дигар хайвонот истифода бурдааст. Алокаи Г.-ро бо сохти бадан ва силсилаи асабхои хайвонот, инчунин «хусусияти автоматии» амалиёти онхо мутафаккир ва духтури фаронсави Ж. Ламетри кайд намудааст. Бо мурури замон тасаввурот нисбат ба Г. дигар мешуд. Мас., баъзе олимон Г.-ро окибати редуксияи акл (яъне суст шудани кобилияти фикри) мехисобиданд, бо акидаи олимони дигар он, баръакс, мушобехи «чанин»-и акл махсуб мешуд. Мувофики акидаи Ч. Дарвин, Г. дар натичаи чун мерос кабул кардани хислатхои дар чараёни фаъолияти окилона бадастомада ва интихоби табиии хислатхои тасодуфие, ки барои хамин намуди хайвонот муфиданд, ташаккул ёфтааст. И.М. Сеченов ва И.П. Павлов хусусияти рефлексии Г.-ро ошкор намуданд.
Кобилияти рафтори гаризи аз насл ба насл мегузарад ва чунонки Дарвин кайд карда буд, хусусиятхои ин амалиёти катъиян барномави ба хайвоноти намуди муайян мисли хусусиятхои сохтори баданашон хос аст.
Гуногуни ва комилан салох будани шаклхои рафтори гаризавие, ки дар табиат ба мушохида мерасанд, доимо яке аз ходисахои пурасрори хаёт махсуб мешуд. Чаро занбури асал орухона месозад ё тортанак тор метанад, инро факат аз назари таълимоти эволютсиони дарк кардан мумкин аст. Хамаи мавчудоти зиндаи сайёраи мо дар муддати миллионхо сол ба чунин ходисахои такрорёбандаи табиат, монанди табдили фаслхои сол ва шабу руз, дучор мегарданд; хайвон хона месозад, бо душманаш вомехурад ё аз он мегурезад, шарики хаёт мечуяд ва г. Зинаи аввали ин ходисахо аломате мебошад, ки организмро аз фаро расидани зинаи минбаъда огох мекунад ва имкон медихад, ки мавчудоти зинда ба он тайёри бинад. Чунин кобилияти организмхои зиндаро, ки ходисахои дар ояндаи наздик ё дур ба амал ояндаро ба назар гирифта, фаъолияти худро ба рох мемонанд, П.К. Анохин «инъикоси пешакии вокеият» номид. Тахти таъсири интихоби табии хамон хайвоноте чудо шуданд, ки кобилияти бехтарини аз чихати генетики ба накша гирифта доштанд, аломатхои барои хамин намуд мухимми аз мухити атроф расидаро мешинохтанд ва бо амалиёти зарури ба онхо чавоб мегардонанд. Хар гуна инхироф дар ахборе, ки оид ба амалиёти гаризави ба мерос мегузарад, дар рафти тахаввулот дучори санчиши чидди мегашт. Хайвоноте, ки хомили инхирофи барои хамин намуд зарарнок бошанд, халок мешуданд, вале инхирофи муфид насиби хамаи намуд ва нишонаи хоси он мегардид.
Табиат ва сохтори Г. дар ширхурони дарранда бехтар ба мушохида мерасад. Рафтори гаризави худ аз худ ба амал намеояд. Пеш аз хама бояд майл (ангеза)-и мувофики биологи вучуд дошта бошад. Мас., хангоми пайдоиши хисси гуруснаги хайвон мухити атрофро фаъолона тахкик мекунад, ба тавассути узвхои хис аломатхои беруниро, ки барои конеъ гардондани эхтиёч ёри мерасонанд, кофта меёбад. Он давра чустучу (тайёри)-и амали гаризави барои ба даст овардани хурок ном дорад. Он то ёфт шудани аломати берунае, ки боиси таассури гаризавии катъиян мутобикшуда мегардад, давом мекунад. Мас., намуд ё овози сайд ангезандае мебошад, ки амалиёти пайдархами чонварони дарранда (номаълум наздик шудан, хамла кардан, доштан, куштани сайд ва баъзан ба чои дигар бурдани часад)-ро ба вучуд меоварад. Амалиёти гаризавии ба мархалаи охирин мутобик, яъне худи амали хурдан, барои тамоми хайвоноти хамин намуд як хел аст.
Амалиёти гаризави факат хангоми доими будани шароити мухити зист матлуб аст; дар мавриди тагйири ногахонии шароит онхо манфиат надоранд. Мас., амалиёти Г.-и мухофизатии хорпушт (ба тубчаи хордор табдил ёфтан) хангоми дар рохи калон ногахон ба автомобил бархурдан ба кор намеояд.
Шаклхои фаъолияти гаризави гуногун, баъзан хеле мураккаб мебошанд; мас., фаъолияти хашарот, паррандахо ва диг. хайвонот барои ба даст овардани хурок, сохтани лона ва идомаи насл, парвози мавсимии паррандахо ва г. Бо вучуди ин фаъолияти гаризави доимо аз руи нусха ичро мешавад ва факат тагйироти тулонии шароити зист метавонад боиси дигаргунии он ё ташаккули Г.- и нав гардад.
Фаъолияти гаризавии хайвоноти олиташаккул ба таври морфологи дар алокаи модарзодии марказхои зеркишри бо кишри магзи сар сурат мегирад. Дар хамин асос дар хаёти фарди робитахои нави гуногун хосил шуда, тачрибаи хаёт ба вучуд меояд, фаъолияти олии асаб ташаккул меёбад. Хама гуна шакли таълими одам дар асоси Г. арзи хасти мекунад, сипас он мавкеи худро тадричан аз даст медихад ва хамин тавр, роли асосиро алокахои нави дар чараёни хаёт пайдошуда мебозанд. Аз хамин нуктаи назар тарбияи одам пеш аз хама парваридани кобилият бахри фуру нишонидани фаъолияти гаризави ва ба рохи зарури равона кардани он аст. Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки дар баъзе мавридхо, вакте ки назорати майна аз болои ташкилахои зеркишрии поёни суст мегардад (мас., дар холати хоб, масти, аз таъсири нашъа ва г.) фаъолияти гаризавии одамон дар шакли аён (мас., дар шакли шахвати зиёд, тачовузкори ва г.) падид меояд.
Ад.: Маркосян А.А., Физиология, М., 1975; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Основы физиологии функциональных систем, М., 1983.

Н. Б. Бердиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …