Главная / Илм / ГАНДУМ

ГАНДУМ

gandumГАНДУМ (Tritucum), зироатест яксолаи маъмул. Г. растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх, бунафш дорад. Он ашёи мухими саноати хурокворист. Дар таркиби Г. сафеда, ангиштоб, равган, равгани эфир, ферменту витаминхо, намакхои минерали ва г. мавчуданд. Аз орди Г. нону кулчахои гуногун, макарон, ярма, махсулоти гуногуни канноди ва хуроквори тайёр мекунанд. Точикон аз кадимулайём аз орди Г., канд ва равгани зард халвохои болаззату сергизо мепазанд, аз дони он спирти аълосифат, охар ва махсулоти дигар мегиранд.
Хусусияти доруии Г.-ро табибони кадими Хиндустон, Юнон, Рим, Хитой, Эрон ва диг. мамлакатхо кайд кардаанд. Абуалии Сино мархами аз орди Г., охар ва заъфарон тахиясохтаро барои равондани доги кунчитак давои хуб хисобидааст. Табибони кадим нон ва махсулоти гуногуни хамириро дар мавриди беморихои гуногуни меъда, чигар, гурда тавсия додаанд. Табибони Хинду Тибет Г.-ро барои муоличаи варам, захм ва омосхо давои хуб мехисобанд. Доруе, ки аз кунчид, гандум, биринч, чав ва нахуд тахия карда мешавад, барои муоличаи амрози банду бугум ва рагу пайхо истифода мегардад.
Дар тибби халки ба сифати даво ва пархезона гандумбирён, майсаи навруста, дони таррак, сабус ва кохи Г.-ро кор мефармоянд. Чушоби магзи нони гандумиро хангоми дарунрави ва исхоли хунин тавсия медиханд. Магзи дар шир таркардаи нони гандумиро барои «пазондан» ва кашидани фасод ба омосхо мебанданд. Чушоб ва буги сабуси Г. пусти руйро нарм мекунад. Истеъмоли чушоби бо асал омехтаи сабуси Г. хангоми газаки роххои болоии нафас ва сулфаи шадид муфид аст.
Дар тибби халкии точикон хурдани гандумбирёнро (рузе 2 – 3 маротиба 50 – 100 г пеш аз хурок) барои одамони пирсол ва шахсони гирифтори кабзияти музмин муфид мехисобанд. Бахор аз майсаи Г. суманак тайёр карда мешавад (барои пешгирии кабзият муфид аст). Шираи дони нимдунбули Г. (рузе 2 – 3 маротиба 0,5 истакон 20 дакика пеш аз хурок) барои муоличаи безурётии мардхову занон тавсия шудааст. Г.-ро хоида гузошта банданд, пучакро мепазонад. Онро сухта, ос карда бо муми занбури асал ва равган сиришта банданд, рухсораро пок мекунад. Агар орди Г.-ро бо шакар ва бодом пухта лесида бихуранд, сурфа, хун партофтан, дарди узвхои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, бохро кувват медихад. Аз орди Г., об, наъно ва равган нишоиста пухта бихуранд, дуруштии узвхои даруни синаро ислох мекунад. Орди гандуми сурхро бо шароб ё сирко хамир сохта бимоланд, зиёни захри чонваронро мешиканад.
Дар тибби муосир нону кулчахои гандумии туршиашон камро хамчун гизои пархези барои беморони гирифтори газак ва захми меъдаву рудаи дувоздахангушта тавсия медиханд. Барои беморони гирифтори диабети канд нонхои камангиштоб, хангоми беморихои гурда ва силсилаи дилу рагхо нони бенамак, дар мавриди заъфи гурда нони бесафедаи бенамак тавсия дода мешавад. Барои пешгирии атеросклероз ба нону кулчахои гандуми карами бахри, летситин, йодиди калий илова менамояд.
Истеъмоли нони гарм барои беморони гирифтори газак ва захми меъдаву рудаи дувоздахангушта зарар дорад. Сабуси Г. аз витаминхои гурухи В, моддахои минерали, бахусус калий, клетчатка бой аст, бинобар ин онро чун гизои пархези хангоми кабзият, фарбехи, галаёни хун, дарди санги гурда, атеросклероз истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …