Главная / Илм / ГАНДАПуШ

ГАНДАПуШ

gandapushГАНДАПуШ (Artemisia persica), растаниест нимбутта. Аз 25 то 70 см кад мекашад. Пояи рости сершох, барги мудаввари сермуяк, хушагули сабадак, гули найчашакл дорад. Июл – авг. гул карда, авг. – сент. дон мебандад. Дар нишебихои серсангу регзори кух, шахсорхо, канори санглохи сой, буттазор, маргзорхои субалпи ва биёбонхои баландкух меруяд.
Табибони хинди Г.-ро чун давои мукавви, табфарор ва киччарон кор мефармоянд. Дар тибби халкии точикон хокаи сабадаки гули Г. омехта бо асал чун давои киччарон истифода мегардад. Сокинони нох. Варзоб куфтаи нуги навдахои онро чой карда, бо максади табобати хафакон, илтихоби роххои болоии нафас, заъфи дил ва чун омили пешоброн менушанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …