Главная / Илм / ГАЛВАНОТЕРАПИЯ

ГАЛВАНОТЕРАПИЯ

galvanoterapiyaГАЛВАНОТЕРАПИЯ, галванизатсия, бо максади табобати беморихо истифода бурдани чараёни доимии муттасил (галвани)-и камшиддат (30 – 80 В) ва суст (то 50 мА); яке аз усулхои маъмули баркшифои.
Чараёни галвани ретсепторхои пустро ангехта, таъсири мавзеи (дар зери электродхо сурх шудани пуст, тагйир ёфтани хассосияти он ва г.) ва умуми мерасонад. Он фаъолияти силсилаи асабро ангехта, гардиши хун ва лимфаро бехтар месозад, ба раванди оксиду баркароршави таквият мебахшад, фаъолияти гадудхои усораи дохилиро меафзояд. Г. хусусан дар мавриди муоличаи ночурихои вазифави мухим аст. Дар амал Г.-ро якчоя бо дорухо низ кор мефармоянд (ниг. Электрофорез).
Ба тавассути Г. беморию иллатхои силсилаи асаби канори (неврит, плексит, радикулит, невралгия), баъзе амрози силсилаи асабхои маркази (дарди нимсара, ихтилоли хунгардиши магзи сар, осеби майна ва хароммагз ва г.), беморихои илтихоби, дискинезияи талхароха ва рудахо, реши меъда ва рудаи дувоздахангушта, бемории гипертония, камхунии дил, дарди дандону дахон, амрози чашм, шикастани устухон ва г. табобат карда мешаванд. Г. дар сурати вучуд доштани омос, беморихои шадиди илтихобию фасоди, амрози хун, нукси дилу рагхо, захмхои калон, сухтаги, ихтилоли хассосияти пуст, кахексия, захролуди ва г. чоиз нест.
Яке аз навъхои Г. обзанхои гидрогалвани мебошанд. Онхо барои бо чараёни галвани таъсир расондан ба тамоми организм ё факат ба дасту по (хангоми артритхо, полиартритхо, плекситхо, полиневритхо ва г.) пешбини шудаанд. Барои Г.-и чашм, махбал ва дахон обзану электродхои махсус вучуд доранд.
Г. аз 10 – 12 то 16 – 20 протседураро дарбар мегирад. Протседурахоро хар руз ё руздармиён мегузаронанд. Чунин табобатро дар мавриди беморихои кудакон низ истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …