Главная / Илм / ГАЛАКТОЗЕМИЯ

ГАЛАКТОЗЕМИЯ

galaktozemiyaГАЛАКТОЗЕМИЯ (Galactosaemia; аз галактоза ва лот. haima – хун), бемории ирси. Дар натичаи норасоии ферментхое, ки барои тачзияи галактоза ва ба глюкоза табдил додани он заруранд, пайдо мешавад.
Ихтилоли тачзияи галактоза (ниг. Карбогидратхо) боиси дар хун гирд омадани махсули мубодилаи он мегардад (махсули мубодила силсилаи асабхои маркази, чигар, гурдахо ва чашмро захролуд месозад); дар чунин холатхо гипогликемия низ рух менамояд. Дар айни хол 3 навъи Г. мавчуд аст: мукаррари, норасоии галактокиназахо ва эпимеразахо.
Кудаки гирифтори Г.-и мукаррари калон таваллуд мешавад. Хангоми вазнин будани чараёни маризи, баъди ба дунё омадан, тифл кай мекунад, аз истеъмоли шир шикамрав мешавад; хамчунин зардпарвин, калон шудани чигар, катаракта ба мушохида мерасанд. Дар холатхои сабук будани чараёни маризи, кудак ширро хазм карда наметавонад, аз сина ру мегардонад.
Ба ивази шир ба кудак омехтахои гизои, хурокихои ширии бе лактоза, шавлахои гуштию сабзавоти додан лозим аст. Дар сурати табобат накардан, кудакон баъди чанд мох мефавтанд; хангоми риоя намудани пархез бемори некфарчом аст.
Норасоии галактокиназахо бо аломати катаракта падид меояд; нишонахои эпимеразахо ба Г.-и мукаррари монанд мебошанд. Г.-хои мазкур низ пархез мехоханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …