Главная / Илм / ГАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна

ГАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна

no-photoГАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна (тав. 04. 08. 1954, ш. Душанбе), духтури беморихои гушу гулу ва бини, доктори илмхои тиб (1995), проф. (1999), Аълочии маорифи ЧТ (2006). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1977). Ординатори клиникии кафедраи беморихои гушу гулу ва бинии ДДТТ (1977 – 79), духтури беморихои гушу гулу ва бинии Дармонгохи №10 (1979 – 82) ва Маркази чумхуриявии аллергологи (1984), аспиранти Донишкадаи марказии такмили ихтисоси духтурон (ш. Москва; 1984 – 87), ассистент (1987 – 96), дотсент (аз 1996), ичрокунандаи вазифа ва мудири кафедраи беморихои гушу гулу ва бинии ДДТТ (1996 – 2010). Феълан дар хоричи кишвар кору фаъолият дорад. Доир ба беморихои аллергии гушу гулу ва бини дар сокинони баландихои мухталифи Точикистон, хусусиятхои минтакавии чараёни беморихои аллерги дар кудакон, дарёфти усулхои комплексии ташхиси беморихои гушу гулу ва бини ва муоличаи онхо пажухиш анчом додааст. Дар мавзуи «Чараёни клиники, ташхис ва муоличаи риносинуитхои аллерги хамчун холати пеш аз зики нафас» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Хусусиятхои минтакавии пахншави, чараёни клиники ва муоличаи беморихои аллергии гушу гулу ва бини дар сокинони Точикистон» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару маколахои илми, аз чумла 2 китоби дарси, 4 дастури таълимию методи, 6 барномаи таълими, 10 тавсияи методи, 23 навоварист. Дар амалияи тиб зиёда аз 30 усули нави муоличаи беморихои аллерги ва гайриаллергии гушу гулу ва биниро татбик намудааст. Тахти рохбарии у 4 наф. рисолахои номзади дифоъ кардаанд.
Ос.: Лекции по иммунологии и аллергологии, Д., 1996; Тесты для самоподготовки студентов к практическим занятиям по оториноларингологии, Д., 2007; Папилломатози ханчара дар кудакон, Д., 2007; Малакахои амали аз оториноларингология барои донишчуён, Д., 2007; Аллергические заболевания в детском возрасте (клиника, диагностика, лечение и профилактика), Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …