Главная / Илм / ГАДУД

ГАДУД

gadudГАДУД, без, узвхои хайвонот ва одам, ки моддахои махсус (гормонхо, луоб, оби дахон, мушк ва г.) хосил ва хорич мекунанд. Махсули Г. дар функсияхои гуногуни физиологи ва биохимиявии организм иштирок менамоянд. Г.-хое, ки махсулашонро тавассути мачро ба руи пуст ё пардахои луоби хорич мекунанд, гадудхои усораи беруни ё экзокрини номида мешаванд; махсули чунин Г. усора ном дорад.
Г.-хое, ки мачро надоранду махсулашонро (инкретхо ё гормонхо) бевосита ба хун ё лимфа хорич мекунанд, гадудхои усораи дохили ё эндокрини ном доранд. Баъзе Г.-хо махсули охирини мубодиларо аз хун чаббида, безарар ва хорич мекунанд (бо хамин рох организм аз захролуди хифз карда мешавад). Мас., Г.-хои болои гурда, Г.-и арак, Г.-и ашк ва г. Усораи аксари Г.-хо (мас., Г.-и баногуш, зери меъда) аз руи таркиби химияви ба сафедахо мансубанд; онхо дар об хал шуда, моеъи серози (зардобмонанд) хосил мекунанд. Онхо Г.-хои сафедави ё серози ном доранд. Г.-хои луоби (мас., Г.-и сурхруда ё бачадон) мутсин ё моддахои луобмонанд хорич мекунанд. Аз чихати сохт Г.-хо якхучайра ва серхучайра, инчунин найчашакл, хубобчамонанд, найчашаклу хубобчамонанд, одди ва мураккаб мешаванд.

Ш. С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …