Главная / Илм / ГАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

ГАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

pancreasГАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (Pancreas), гадуди аъзои хозима, ки шира хосил мекунад; Г.хамзамон фаъолияти эндокрини низ дорад. Дар кисми болои шикам, дар сатхи мухрахои I – II камар чой гирифтааст. Г. шакли дарозруя дошта, аз кисми сар, тана ва дум иборат аст. Дарозиаш 14 – 23 см, бараш 3 – 7,5 см (дар кисми сар), пахнии танааш 2 – 5 см, думаш 0,3 – 3,4 см; вазнаш 60 – 115 г. Бештарин кисми паренхимаи Г. (бахши экзокрини) ферментхои барои хозима мухим ихроч мекунад. Онхо ба мачрои Г., ки дар кисми интихо бо мачрои умумии талха хамрох мешавад, ворид мегарданд. Кисми камтарини Г. (бахши эндокрини) дар шакли чазирачахои хурд (чазирачахои Лангерганс) гирд омада, ба паренхимаи кисми экзокрини зарра-зарра мепайвандад. Чазирачахои Лангерганс аз гурухи хучайрахои тарашшухи (инсулоситхо) ташаккул ёфтааст. Чахор навъи хучайрахоро чудо мекунанд: α – хучайрахо, ки инсулин, β – хучайрахо, ки глюкагон,  – хучайрахо, ки соматостатин, РР – хучайрахо, ки полипептиди панкреатини хосил мекунанд.
Асабхои Г. аз бофтахои чигар, сипурз, шикам ва кисми болои мосорика меоянд; шохахои асаби гумрох низ дар кори бо асаб таъмин намудани Г. иштирок мекунанд. Г.-ро артерияхои чигар, мосорикаи боло ва сипурз бо хун таъмин месозанд. Хуни венави ба венаи даромадгохи чигар чори мешавад.
Хучайрахои кисми экзокринии Г. шираи панкреатини хосил мекунанд, ки дорои ферментхои гуногун буда, сафеда, равган ва ангиштобхоро хазм менамояд. Ферментхои асосии он (трипсиноген ва химотрипсиноген) фаъол нестанд (онхо дар рудаи дувоздахангушта зери таъсири энтерокиназахо ба трипсин ва химотрипсин табдил меёбад). Шираи панкреатини дар натичаи таъсири ангезахои рефлексхои шарти (мас., буи таом) ва гайришарти (мас., хоидан, фуру додан) чудо мешавад.
Вазифаи тарашшухи дохилии Г. аз гормонхои инсулин ва глюкагон хосил кардани чазирачахои Лангерганс иборат аст. Гормонхои мазкур мубодилаи карбогидратхоро танзим менамоянд. Чазирачахо хамчунин соматостатин ва полипептиди панкреатини хосил мекунанд, ки ба фаъолияти узвхои хозима таъсир мерасонанд. Дар мавриди халал ёфтани фаъолияти чазирачахои Лангерганс бемории диабети канди ба вучуд меояд.
Г.-ро бо усулхои лаборатори, рентгенологи, асбобхои гуногун муоина мекунанд. Дар сурати беморихои Г. дар сари дил ва зери кабургаи чап дард пайдо мешавад, шикам меравад, заъфарма рух менамояд; бемор бехолат ва хароб шуда, аломатхои диабети кандии дуюм ба вучуд меоянд.
Ба фаъолияти Г. риоя накардани низоми тагзия (бисёр истеъмол намудани гизои серравган, тунд, машруботи спиртдор), беморихои санги талхадон, холесистит, муковистсидоз ва г. таъсири номатлуб мерасонанд.
Дар Г. беморию осебхои гуногун ба мушохида мерасанд, мас., амрози илтихоби, ангали (паразити), киста, носур, санг пайдо кардан, ихтилоли хунгардиш, амрози касби, омосхо ва г. Бемории илтихобии маъмули Г. панкреатити шадид ва музмин аст. Г. хангоми беморихои сил, сифилис, баъзе беморихои сирояти (мас., паротити вогир) низ иллат меёбад. Аз беморихои паразити дар он описторхоз, эхинококкоз дучор меоянд. Г. ахёнан санг пайдо мекунад; нишонахои он ба бемории санги талхадон ё панкреатити шадид монанд аст. Ба омосхои гайрисаратонии Г. аденома, систаденома, фиброма, липома, навринома мансубанд. Аз омосхои хабис бештар саратон дучор меояд.
Ниг. низ Узвхои хозима.
Ад.: Эйнгорн А.Г., Паталогическая анатомия и патологическая физиология, М., 1983; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Воробёва Е.А. (ва диг.), Анатомия и физиология, М., 1987. Абдурахмонов Ф.А., Атлас-учебник по функциональной анатомии человека, ч. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
КЛ
Расми 1. Мачрои чигар ва гадуди зери меъда. Самти харакати усора (моеъ) бо тирча ишора карда шудааст: 1 – талхадон; 2 – мачрои талха; 3 – мачрои умумии чигар; 4 – мачрои умумии талхадон; 5 – мачрои гадуди зери меъда; 6 – рудаи дувоздахангушта.
Расми 2. Топография ва халкамушакхои мачрои умумии талха ва мачрои гадуди зери меъда: (намуд аз акиб): 1 – мачрои умумии чигар; 2 – мачрои талхадон; 3 – гарданаи талхадон; 4 – танаи талхадон; 5 – мачрои умумии талха; 6 – каъри талхадон; 7 – рудаи дувоздахангушта; 8 – халкамушаки мачрои умумии талхадон; 9 – мачрои гадуди зери меъда ва халкамушаки он; 10 – халкамушаки ампулаи чигару гадуди зери меъда; 11 – сифок (шикампарда); 12 – сараки гадуди зери меъда; 13 – венаи мосорикаи боло; 14 – артерияи мосорикаи боло; 15 – думи гадуди зери меъда; 16 – танаи гадуди зери меъда; 17 – венаи сипурз; 18 – венаи даромадгохи чигар.
Ф. А. Абдурахмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …