Главная / Илм / ГАДУДИ АШК

ГАДУДИ АШК

gadudi-ashkГАДУДИ АШК (Glandula lacrimalis), узвест, ки моеъи махсус хорич карда, сатхи гузаи чашм ва конъюнктиваро тар нигох медорад. Дар кисми болои коса (хона)-и чашм чой гирифтааст. Мачрои он чониби равоки конъюнктивии боло боз мешавад. Гайр аз Г. а.-и асоси хамчунин гадудхои хурди иловаги низ вучуд доранд, ки дар равоки конъюнктива ва канори болои тагояки пилк чойгир мебошанд.
Ашк барои фаъолияти муътадили чашм ахамияти калон дорад. Кабати тунуки оби чашм, ки кабати беруни карния (шохпарда)-ро фаро гирифтааст, барои инъикоси нур мухим мебошад. Гайр аз ин, оби чашм барои аз микробхо ва чисмхои бегонаи хурд (онхо ба сатхи гузаи чашм меафтанд) тоза шудани халтаи конъюнктива мусоидат мекунад.
Ба ночурихои Г. а. нукси инкишоф (набудан ё суст инкишоф ёфтани он), илтихоб (ниг. Дакриоаденит), ихтилоли фаъолият (ашкшори, хушк шудани конъюнктива) ва г. мансубанд. Осеби Г. а., одатан, кам дучор меояд (асосан хангоми лат хурдани хонаи чашм ё пилк). Г. а. ахёнан гирифтори омос низ мешавад.
КЛ
Аъзои ашки чашми рост: 1 – гадуди ашк; 2 – пилки боло; 3 – мачрои ашк; 4 – хавзаки ашк; 5 – ашкхалта; 6 – мачрои ашк дар бини.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …